шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд

Донишмандон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дуруғу фиреб сарукор мегирад ва қанатҳои хориҷии он – ба мисли ТТЭ ҲНИ ҳамоно бо фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризмии худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои “саркубӣ” мехоҳанд ҷонибдор ва дилсӯзии шахсони фиребхӯрда ва ташкилотҳои террористиро ба даст оранд.


 

Дар ҳошияи Конференсия солонаи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон, ки дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, Шайх Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозирин талаб намуд, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи чил соли охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст.

Ӯ ишора намуд, ки ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифа мардум ташкилотҳои байналмиллалӣ ба монанди Эрон меистанд.

Муфтии собиқи сарзаминии Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи Ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ, амалӣ мегардад. Шакке нест, ки давлатҳо бо тамоми дороии хеш бар зидди ташкилотҳои террористӣ ҷанг эълон намудаанд. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳо қарор диҳанд.

Ӯ илова намуд, ки муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гуруҳҳои терористӣ, аз ҷумла ташкилоти “Ихвонул-муслимин”, айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои “Ихвонул-муслимин” ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкориҳои зич барпо гардида, дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ зиёратҳои дуҷониба сурат гирифта буд.

Ҳамзамон, Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ, аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба  мардум, сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва қанатҳои террористии он сухан кард.

Ӯ ҷавонони пайрав аз ҳаракати “Ихвонул-муслимин”-ҳои мисрӣ ва дигар кишварҳои олам ба хусус дар Тоҷикистонро қурбонии бозиҳои сиёсӣ номид. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ва ё дер дар назди Худованди таъоло ҳисобот хоҳанд дод. Ӯ илова намуд, ки мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмоӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг “дуруғгуӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори “ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд.

Ҳамзамон доктор Аҳмад Аттия, Вазири Авқоф ва даъвати яманӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Ӯ илова намуд, ки он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчуби фармудаҳои Қуръони карим ва Суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Д-р Аҳмад Аттия талаб намуд, то як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расидан имкон гардад.

Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима иброз дошт, ки имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеъӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд. Ва ин намуди фатвоҳо аз шохаҳои бединӣ илҳом гирифта, дарҳои худро барои ҷавонон хоҳад кушод.

Дабири кулли Шӯрои сарони уламо, Доктор Аббос Шумон, сифати ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-ро “дуруя” маънидод намуда, иброз дошт, ки ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали “дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала, марҳилаи беморӣ бо касали “дуруғ” аст. Д-р А.Шумон ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода таъкид намуд, ки агар онҳо дуруғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале ба онҳо хитоб намуд, то аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. Онҳо ба миқдори як нохун ба ин муассисаи бузург зарар расонида наметавонанд. Бо ишора ба М.Мурсӣ, таъкид намуд, ки онҳо вақти дар сари қудрат қарор доштан, ноком буданд, пас чи гуна баъди давлат аз даст рафтан гуё комёб мегарданд.

Доктор Маҷдӣ Ошур, машовири академии муфтии Миср иброз намуд, ки тамоми ташкилотҳои экстримистӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи “Ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун “Боби иҷтиҳод” мепиндоранд бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчуби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ аз қабили куштору ғорату дуздӣ, бо номи Ислом фатвоҳои носанҷида содир мекунанд.

Ҳамчунин, шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон таъкид намуд, ки манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон, танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Ӯ дар изҳороти худ таъкид намуд, ки амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои “Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Қайд намудан лозим аст, ки “Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. У таъкид дошт, ки амалҳои онҳоро маҳкум сохта, бояд дар паҳлуи шахсоне ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем.

Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ - доктор Муҳиддин Афифӣ, дар рафти суханронии худ таъкид намуд, ки ташкилоти террористии силоҳбадасти дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд ва махсусан дар олами имрӯза, ки дар он падидаи терроризму зӯроварии мусаллаҳ ва ташкилотҳои харобкору фасодзада интишор гардидааст. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” даст ба куштору сӯйиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Д-р М. Афифӣ ишора намуд, ки донишмандони Азҳари шариф таъкид намуданд, ки ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намуддаст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сабуки худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну сулҳ омадааст ва ихтилоф дар мазҳаб маъно носозгориро надорад. Давоми суханронии худ доктор Муҳиддин Афифӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонд.

Печать
PDF

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст.. ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад

Бузургтарин рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” дар шумораи навбатии худ аз 17 октябри соли 2018 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳираро пушиши хабарӣ дода, дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ТТЭ ҲНИ мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонидаст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 16 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ маросими ифтитоҳи чаҳорум Конференсияи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳошияи конференсяи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажуҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, Сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баланпояи Ҳукумати Миср ширкат доранд.


 

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст..  ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад

>> Муфтии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТТЭ ҲНИ талаб намуда, ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористии байналмилалӣ эълон намуд.

Нависанда: Маҳмуд Дайёб

 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ даъват намуд, ки идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд. Ин амр бо дарназардошти ҷиноятҳои  террористии ТТЭ ҲНИ дар тӯли чил сол аст, ки амали ҷинояткоронаи онҳо дар соли 2015 ба қулла худ расид. Онҳо бо инқилоби нокоми хеш тамоми мардуми осоиштаро дар ваҳму тарс қарор дода, кишварро дар дами ҳалокат кашиданд.

Ӯ дар масъалаи мубориза бо терроризм иброз намуд, ки ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» сарчашмаи идеологӣ мегирад ва дар ин масъала кишвараш бо Миср мубориза мебарад. Созмонҳои исломӣ масъулияти зиёдеро бар души худ гирифта, бо соҳибони фатвоҳои гумроҳкунанда бояд мубориза баранд. Чунончӣ ташкилотҳои террористӣ паси номи “Ислом” пинҳон гардида, талош доранд, то мардумро бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ қонеъ гардонанд.

С.Абдулқодирзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии солонаи Муфтиёт изҳор намуд, ки ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, ки дуюмин соли 1973 бар асоси идеологияи ихвониҳо таъсис ёфтааст, зери шиори “марг волотарин орзуи мост” амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор додаанд. Онҳо бо ин шиор фалсафаи хешро оид ба нобудсозии тамаддуни башарият эълон намуданд.

Қобили зикр аст, ки муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нишасти Конференсияи имрӯзаро, ки зери унвони “Қоидаҳои фатво дар асл ва дар воқеият” баргузор гардид, роҳбарӣ намуд. Шахсиятҳои бонуфуз ислом аз 73 кишвари олам дар рафти Конференсия ҳузур намуда, намояндагони воломақоми бонуфузи Миср аз ҷумал муовини якуми Маҷлиси намояндагон Маҳмуд Шариф,  Вазири адлия Ҳусом Абдураҳмон, собиқ муфтии Миср д-р Алӣ Ҷумъа ва Вазири Авқоф (Кумитаи дин) Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, дар он ширкат варзиданд.

С. Абдулқодирзода ишора намуд, ки ҳамон тавре, ки кишвари Миср дар баробари тероризм ва нест кардани он бо кумаки мардум мубориза мебарад, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории сулҳу субот дар саросари кишвар талош варзида, бар муқобили терроризм мубориза мебарад.

Ӯ илова намуд, ки Конференсияи имсола оид ба масъалаҳои фатво зери унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" амали муҳим ва дастгирикунандаи талошҳои миллӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ мебошад. Дар ин росто, сипоси махсуси хешро ба Президенти кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва муфтии сарзамини Миср доктор Шавқӣ Аллом, барои танзими ин “Чорабинии сол” иброз дошт. Ин чорабинӣ дар вақте сурат мегирад, ки уммати исломӣ ба роҳнамоиҳои донишмандони забардаст, ки умри хешро дар талаби илм фано намуда, сазовори илму мартабаву аҳли фатво гардидаанд, эҳтиёҷ дорад. Донишгоҳи Азҳари Шариф бузургтарин олимон ва донишмандони шинохтаро пайдо намудааст, ки онҳо дар таҷдиди фатво ва мувофиқ кардани он бо руҳи асру замон ва пешрафти ҷомеа нақши бузург бозидаанд.

Ӯ ишора намуд, ки кишвари Миср бо назардошти он масъулияти фикрию ҷойгоҳи илмие, ки дар тӯли таъриху тамаддуни чандҳазорсола ноил шудааст, ин конференсяи ҷаҳониро бори чорум баргузор мекунад, ҳамчунин аз маконати роҳбарии фикрию илмӣ низ бархӯрдор аст, ки ин ҳама нақши асосӣ ва муҳим доштани кишвари Мисрро дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки вазифаи уламо ва донишмандони шариат иҷтиҳод ва истихроҷи аҳкоми шаръию фиқҳӣ ва баровардани фатвоҳои муносиб ба воқеъияти замон буда, фиқҳи муътадилро дар ҳама бахшҳои зиндагӣ устувор бояд намояд.

Ӯ илова намуд, ки халосӣ ёфтан аз хатари терроризм, ки болои дини Ислом омадааст, танҳо бо роҳи гуфтумони қоидаҳои фатво дар масъалаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ, таъсири фатво дар пойдории  амну суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.

 

Ӯ таъкид намуд, ки бисёре аз кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, зеро ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд ва ихтилофу фитнаро дар миёни мардум эҷод намуда, амну суботро аз байн мебаранд ва боиси парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мегарданд.

С. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки ҳодисаҳои ахире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, ҷониби дигари мубориза бар зидди терроризми байналмиллалиро ошкор сохт. Ин маротиба дастгириҳои ҳамсояи эронӣ барои ин гуна ташкилотҳои террористӣ ошкор гардид. Тафтишот нишон дод, ки шахси ин ҷинояти террористиро бар зидди гардишгарони хориҷӣ содир карда дар тули солҳои 2014-2015 чор бор ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон сафар карда, ба ӯ дар онҷо машқҳои низомӣ ва идеологӣ омӯхтаанд. Ин шахс дар вақти таҳсил гирифтанаш дар Эрон бо яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ шинос гардида, ба саффи ҳизб шомил гардидааст. Баъдтар ин шахс роҳбари гуруҳи махфии террористӣ таъйин гардид.

Қобили зикр аст, ки иҷрокунандагони ин амали террористӣ аз сарҳади Тоҷикистон ба заминҳо Афғонистон гузашта, дар он тарафи сарҳад ба сафи ташкилотҳои террористӣ мепайванданд. Тафтишот нишон дод, ки ҷинояткороне, ки даст ба чунин амалҳои зишт мезананд, синашон аз 18 то 30 сол мебошад, бори дигар стратегияи ҷалби ҷавононро ба сафи ташкилоти террористӣ таъкид намуд.

Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки ТТЭ ҲНИ шохае аз ташкилоти террористии ихвониҳо буда, ҳамкориҳои зич байни ин ду ташкилот ошкор гардидааст. Ӯ илова намуд, ки дар замони сари қудрат будани ихвониҳо, Муҳаммад Мурсӣ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро истиқбол гирифта бо ӯ мулоқот анҷом додааст. Аз ин бештар ноиби раиси ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Қоҳира манзили истиқоматӣ туҳфа гирифтааст, ки ин худ далолат ба зичии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Фаъолияти ташкилоти ихвониҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 мамнуъ эълон гардида, ҳатто пас аз омадани ихвониҳо ба сари қудрат ин ҳукм лағв нагардид.

Муфтии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода масъалаи дахолатҳои харобкоронаи эрониро хотирасон намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Эрон барои ташкилотҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз оиди дахолатҳои Эрон дар умури на танҳо минтақа, балки дар кишварҳои гунонгуни олам садо баланд намудан лозим аст. Эрон барои пешбурди кории худ аз ташкилотҳои террористӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслимин” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон мебошад, истифода мебарад.

 

Печать
PDF

Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»

ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 15 октябри соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Конфронси байналмилалии «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» дар толори барҳавои Донишгохи Истанбул баргузор гардид. Дар Конфронс дар баробари дигар меҳмонон раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов маъруза намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:


-Ман ҳамчун намояндаи Анҷумани тоҷикони муқими Туркия назари худро дар мавриди таҳдидҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дар чанд маврид баён менамоям.

Мояи ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо давоми як моҳи охир дар ҷумҳурии мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) гардид. Соли ҷорӣ Тоҷикистон роҳбарии ИДМ-ро муваффақона сипарӣ намуд ва ин амал аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дигари созмон ба таври шоиста арзёбӣ карда шуд.

Вақтҳои охир ташаббусҳои Сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю таъсири кишвари моро дар ҷаҳон бештар мекунад.

Дар замони истиқлолият ва хусусан дар се соли охир Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф мунтазам инкишоф меёбанд ва раванди мазкур дар маҷмуъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Баргузории чунин як нишаст ё Конфронс дар масоили зикргардида бисёр саривақтӣ ва муфид мебошад. Чунки имрӯз ба касе ё кишваре пӯшида нест, ки ҷаҳони муосир бо як хатари ҷиддӣ, чун терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гаштааст.

Чунонки борҳо аз ҷониби Сарвари давлати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ қодир нест, ки бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа ва кишварҳо мешавад бо он муборизаи беамон бурд ва пеши роҳи онро гирифт.

Мутаассифона, ҷомеаи Тоҷикистон низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гаштааст. ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудани кишварро дошта, тинҷию оромиро намехоҳанд. Созмонхои хориҷӣ ба монанди САҲА ва ғайра ба ин гурӯҳҳои мухолиф минбар додаанду паноҳандагии сиёсӣ. Онҳо бе асос ва бидуни хиҷолат доир ба роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи онҳо бадгӯӣ намуда истодаанд. Ҳатто пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистонро, ки тайи ин ҳама солҳо ба даст омадааст, нодида мегиранд, ки инро мардуми мо хуб медонанд.

Хушбахтона, қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонони ҳушёру ғаюр ва босавод ташкил медиҳанд ва онҳо ақидаҳои ифротиву бадхоҳонаи наҳзат ва дигар созмонҳои террористиро қабул надоранд.

Исботи гуфтаҳои боло эътирозу роҳпаймоиҳои ахири ҷавонон алайҳи ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз дар кишвари иқомат, яъне кишвари ба мо дӯст- Ҷумҳурии Туркия теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти онҳоро низ ҷавонон ташкил медиҳанд.

Таъсиси ҷамъияти тоҷикон аз сӯи ҳамватанони фаъол маҳз барои сарҷамъӣ ва кумаку дастгирии бевоситаи шаҳрвандони мо ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ин гуна ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд. Мо дар ин самт муваффақ хоҳем шуд, чунки мардуми мо ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар атрофи роҳбарияти кишвари худ муттаҳид гашта, саҳми худро дар ободиву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1178
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1057
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5242
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ21905
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4050390

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.