шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳар кирдори бад бе ҷавоб нахоҳад монд

Лозим ба қайд аст, ки моҳи гузашта дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр нафари номаълум ба хонаи шаҳрванд Исмоилова К. даромада ӯро таҳдид намуда, молҳояшро тасарруф намуда буд.

Дар ин ҳангом кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо ташкили корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ин ҷинояткорро дастгир намуданд, ки сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати Оббурдон, кӯчаи К.Мирзоқодир, соли таваллудаш 20-уми марти соли 1998, маълумоташ миёнаи нопурра Иброҳимов Абдураҳмон Исмоилович мебошад.

Печать
PDF

Аз таърихи қалъаи Каппатепа, ки дар шаҳри Истиқлол замоне қад афрохта буд

Ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол

Ин қалъа мувофиқи дарёфти бостоншиносон (корҳои бостоншиносӣ дар ин қалъа дар солҳои 1985-86 аз ҷониби олимону бостоншиносон аз институти таърих,бостоншносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шудааст) дар баромади деҳаи Тақмоқ (имрӯза маҳаллаи Меҳнатобод) сохта шуда, пеш аз асрҳои миёна фаъол будааст. Маводҳои аз ҷониби бостоншиносон аз ин каппа ёфташуда ба асрҳои 5-8 милодӣ санагузорӣ карда шудаанд.

Бино ба маълумот ва ривоятҳои сокинони маҳаллаи Меҳнатобод зери ин қалъа деги чилгӯша мавҷуд будааст, ки барои мардуми деҳаҳои гирду атроф хӯрок омода мешудааст. Дар дигар қалъаҳои Осиёи Миёна суҷаи чунин дег аз нақли мардум гирифта шудааст.

Печать
PDF

Коррупсия - зуҳуроти номатлуб

Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 3-юми июли соли равон дар золи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати роҳбарият ва кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро саривақтӣ эълон намуд ва меҳмононро ба нишастагон муаррифӣ кард.

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз841
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта702
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1543
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18206
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4046691

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.