ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲР ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум, аҳли эҷоди шаҳр!
Ҳамаи шуморо ба Рӯзи матбуот табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандии рӯзгор ва аз ҳама муҳим хомаи созандаро ба нафъи давлату миллат таманно дорам.
Яксаду шаш сол пеш, яъне 11-уми марти соли 1912 аввалин рӯзнома бо номи «Бухорои шариф» аз ҷониби фарзандони барӯманди халқ Мирзосироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Фитрат ва чанде дигарон таъсис дода шуд ва ин иқдоми онҳо дар бедории халқ ва талошҳо дар пойдории давлатӣ дар таърихи мардуми мо бо хатҳои заррин сабт ёфтаанд.
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳр
Бахшида ба Рӯзи Модар субҳи 7-уми март мулоқоти раиси шаҳр Худойназар Амонзода бо 15 нафар бонувони собиқадор, ки солҳои тулонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр фаъолият намудаан ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мулоқот раиси шаҳр доир ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар суханронӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии шаҳр андешаронӣ намуда, изҳори қаноатмандии хешро аз кору пайкори бонувони фаъоли шаҳр баён намуданд.
ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲР ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Модарону хоҳарони арҷманд!
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар, ки ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азиз аст, ба кулли сокинони шаҳр, бахусус модарону бонувон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зан ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст, ҳунарманд ва алалхусус тарбиятгар тасвир ёфтааст.























