шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов

(0 votes, average 0 out of 5)

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов

 

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Матни пурраи мақоларо дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

 

МУҚАДДИМА

Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда — раҳбарест, ки қавитарин робитаро бо мардум доштаву дорад.

Ҳамасрони мо гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия –манзили сокинони мамлакат ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардумони касбу ҳунари гуногун шинос шудааст. Бо онҳо вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо доир намудааст.

Ҳар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ сурат мегирад.

Муҳимтарин нуктае, ки дар оини раҳбарии Сарвари тоҷикон ҳамчун сабк, шеваи барҷаста ва услуби муошират бо мардум ба назар мерасад, ифодаи маъниҳои тақдирсоз бо забони шево, оммафаҳм ва дилчаспу ҷозибадор мебошад. Хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва ба тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва раҳбарии муваффақона аст. Онро ҳамчун намунаи пайравии рӯзмарра ва стратегияи давлатдорӣ бояд омӯхт. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт.

Дар баробари чунин сабки муоширати сиёсӣ, яке аз муҳимтарин шакли муколама – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад. Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон карда мешаванд.

Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти моҳиятӣ доранд. Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд.

Омӯхтани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба хотири  дарки воқеии таърихи миллат, дастовард, мушкилоти умумӣ, роҳ, усул ва шеваҳои ҳаллу фасли он тавассути имконоти тамоми ҷанбаҳои давлатдорӣ зарур мебошад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ба парламенти кишвар ироа гардид, аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсози ҷомеаи имрӯзаи мост.

Омӯзиши паҳлуҳои маърифатии ҳуҷҷат аз тариқи ба инобат гирифтани масъалаҳои иҷтимоӣ, ки албатта, хосияти бунёдӣ доранд, пешкаши хонандаи гиромиқадр карда мешавад.

МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Муносибати системавӣ дар Паёми Пешвои миллат зарурати ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдориро ба ҳамдигар мадди назар дорад. Дар он иерархия, яъне сифати муайянкунандагӣ доштани иқтисодиёт таъкид карда мешавад.

Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсат, иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи манфиатҳои давлат дар робита ба вазъ ва тавоноии иқтисодии мамлакат равшан тавзеҳ дода шудаанд.

Дар доираи чунин таҳлил, дар Паёми Пешвои миллат ба ду ҷузъи масъала − қувваҳое, ки ҳамчун сарчашмаи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот амал мекунанд ва муносибатҳои истеҳсолӣ диққати махсус дода шудааст.

Дар доираи қувваҳои истеҳсолкунанда таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мавқеи инсон, раванди таъмин ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ӯ, ҷараёни созмон додани объектҳои истеҳсолӣ ҷалб гардидааст. Кӯшишҳои Раҳбари давлат дар масъалаҳои касбомӯзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат бо роҳи самаранок истифода бурдани илм,  маърифат, аз худ кардан ва такмил додани воситаҳои истеҳсолот аз қисматҳои таркибии фаъолияти Ҳукумат дониста мешаванд.

Яке аз омилҳои аслие, ки мақсадҳои умдаи сохтмони давлатро зина ба зина таъмин кардааст, барномарезии стратегии соҳаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар асоси талаботи рӯзафзуни ҷомеа мебошад.

Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии Сардори давлат таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» амалӣ кардани ҳамин нақшаҳоро мадди назар доранд.

Тавре ки дар Паём омадааст, давраи сипаригашта «дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад» ва маҳз ҳуҷҷатҳои номбурда «ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: − Душанбе: Шарқи озод, 2019. − С. 3)

Гарчанде дар давраи иқтисодиёти бозаргонӣ банақшагирӣ аз масъалаҳои афзалиятдошта ба ҳисоб наравад ҳам, барномарезии аз ҷиҳати илмӣ асоснок аҳамияти бузурги амалӣ дорад ва замонати фаъолияти пурсамари идораи давлатӣ мебошад.

Бояд ба эътибор гирифт, Тоҷикистон аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки аз рӯйи мавқеи ҷуғрофиёӣ, захираҳои табиии аҳамияти муҳимми стратегидошта (нафт, газ, уран, тилло, нуқра, заминҳои корам) имконоти нисбатан маҳдуд дорад. Аз лиҳози геополитикӣ наздик ба якуним ҳазор километр бо кишваре ҳамҷавор аст, ки муддати зиёда аз чил сол боз бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯст ва маркази таҳдидҳои террористӣ маҳсуб мегардад. Ва Тоҷикистон барои ҳимояи хеш, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо зарфиятҳои назарраси моддӣ, молӣ ва маънавии худро сафарбар мекунад.

Дар чунин шароит, маҳз иқтидори интеллектуалии Ҳукумат, интихоби дурусти роҳ, восита ва усули амалӣ кардани стратегияи давлат барои таъмини амният ва некуаҳволии мардум аз масъалаҳои асосии фаъолияти раҳбарияти сиёсии мамлакат ба ҳисоб мераванд. Олимони Ғарб таъкид кардаанд: «Бузургтарин дастовардҳои афкори иқтисодӣ дар шароити пастравии иқтисодӣ пайдо мешаванд» (Қонуни Бухвалд). Аммо аз лиҳози дигар, «дар иқтисодиёт ҳеҷ чизро фаҳмидан имкон надорад, ба шарте ки ҳамаи чизро нафаҳмед» (A Dictionary of Economic Quotations, 1981). Ба андешаи мо, ин ду ҳолат барои масъулони ҷанбаи иқтисодии мамлакат аз омилҳои муҳимми банақшагирии саҳеҳ ва қотеона амалӣ кардани барномаҳои тахассусмандона коркардшуда маҳсуб мегарданд.

Сарвари давлат аз зумраи он абармардони сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки ҳангоми ибрози мавқеи сиёсӣ, нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо назокати ба худ хос, хирадмандона, таҳаммулгароёна ва ҷавонмардона аз кӯшиши ба баҳс кашидани ҳарифони эҳтимолии ақидаҳои худ, ки падидаи маъмулӣ аст, то ҳадди имкон худдорӣ мекунад.

Аз дигар тараф, забон ва тарзи баёни ӯ дар ибрози андешаҳои принсипиалӣ оид ба масъалаҳои матраҳгардида, барои рақибон ҷиҳати додани посухи баробарвазн ҷой намегузорад. Чунин муҳокимарониҳо бо риояи қоидаҳои мантиқӣ, ҳақиқати ҳол ва воқеиятро бо далелҳо нишон медиҳанд: «Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7, 5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13, 4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7, 1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1, 6 фоиз таъмин карда шуд» (Ҳамон ҷо. − С. 3).

Дар шарҳи масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат принсипи вобастагии моддии якдигарӣ баръало дида мешавад. Вақте ки сухан дар бораи эътимоднокии тезисҳо меравад, дар Паём структураи чунин мантиқ − ҷузъҳои он тафсири худро меёбанд. Ҳангоми таҳлилу баррасӣ эътибори мулоҳизаҳои пешниҳодгардида боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Барои мисол: «Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд» (Ҳамон ҷо. − С. 3).

Яке аз  мушкилтарин масъалаҳое, ки онро давлати соҳибистиқлол баъди ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ бояд барқарор мекард, ба вуҷуд овардан ва устувор гардонидани итминони аҳолӣ ба давлати ҷавон буд. Зеро насли соҳибандешаи он замон, касе, ки имконияти дар Ватани аҷдодии худ зиндагӣ ба сар бурдан дошт, ҳанӯз ҳам орзуи замони шӯравиро мекард. Гумон намекард, ки тоҷикон метавонанд давлати миллии худро аз нав бунёд кунанд. Иқтисодиётро побарҷо созанд. Мардумро соҳиби нон гардонанд. Амнияти онро таъмин намоянд. Дар дунё худро ҳамчун кишвари мустақил муаррифӣ созанд. Чунин эҳсос ҳам  дар миёни қисмати бештари зиёиён ва ҳам дар байни омма ғолиб омада, хатарҳои ҷонӣ, фақр, нодорӣ, таҳдиди гуруснагӣ бовари мардумро ба зиндагӣ коста ва одамонро аз ҳаёт дилшикаста карда буд. Гарчанде бо вуҷуди мушкилоти зиёд, ҷуғрофияи таъмини амнияти минтақаҳои кишвар рӯз ба рӯз васеъ карда мешуд ва сатҳи баланди камбизоатӣ ба мисли пешина мардумро азият медод, ки масъалаҳо аз ҷанбаҳои аслии фаъолияти Ҳукумати мамлакат гардида буданд.

Маҳз барои ҳамин, давра ба давра баланд бурдани сатҳи зиндагии одамон дар тӯли се даҳсола аз муҳимтарин корномаҳои Пешвои миллат мебошад.

Некӣ ва хизмат ба халқ аз мақсадҳои аслии Раҳбари давлат буд ва ҳаст. Бояд эътироф намуд, ки нақшаҳои дар аввали фаъолияти худ эълонкардаи Президенти мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, берун гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун идея садо медоданд. Амалӣ гаштани онҳо хосияти ормонӣ дошт. На танҳо дар хориҷи мамлакат, балки бисёриҳо дар дохили кишвар ҳам ба воқеият пайдо кардани онҳо бовар надоштанд. «Аммо ба хотири он ки ҳаёт бе мақсади олӣ» ва «самтгирӣ ба сӯйи мақсади олӣ» холӣ ва беранг аст, «ормон» ва «ормонҳои олӣ» бе алоқамандӣ ба ҳаёти воқеӣ ҳамагӣ як орзу ва хаёли хомро мемонаду бас. Фақат мо яке аз алтернативаҳоро қабул карда метавонем (Ф. Х. Кессиди. Этические сочинения Аристотеля. Аристотель. Сочинения. – М.: Мысль, 1983. – С. 17). Таҷрибаи таърихӣ, дурустӣ ва алоқамандии чунин ормонҳоро бо ҳаёти воқеӣ исбот кард.

Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад. Агар аз лиҳози назариявӣ андешем, новобаста аз ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра «Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9, 5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст» (Ҳамон ҷо.  − С. 4.), ҳамзамон, Ҳукумат тавонистааст, ки сатҳи камбизоатиро ба андозаи 27, 5 фоиз паст намояд (Ҳамон ҷо. − С. 4).Маълум аст, ки муҳимтарин масъалаи ҷаҳони мутамаддину пешрафта ва яке аз омилҳои аслии рушду тараққии он таъмини аввалиндараҷаи озодии иқтисодӣ мебошад. Гардиши озоди қувваи корӣ, мол, пул ва хизматрасонӣ хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ – минтақавӣ ва глобалӣ дорад. Кӯшиш ва натиҷаи самараноки сиёсатҳои собитқадамонаи Сарвари давлат доир ба самтҳои муҳимми ба якдигар алоқаманд шароитро барои рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат фароҳам овард.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки чунин муносибатҳоро танзим мекунанд, аз мавзӯъҳои рӯзмарраи Ҳукумати мамлакатанд. Эътимоди соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба озодии фаъолият аз ҷумлаи масъалаҳои зикргардида ҳисобида мешавад. Чунин бовар мақсадҳои функсионалии иқтисодиётро, ки системаи ниҳоят мураккаби ҷомеа дониста шудааст, тақвият мебахшад. Дар шароити буҳрони иқтисодӣ замонати ба талаботи иҷтимоии мардум ҷавобгӯро таъмин месозад. Дар Паём вобаста ба ин хулоса ёдрас мешавад: «Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд» (Ҳамон ҷо.− С. 4).

Паёми 26-уми декабри соли 2019 идомаи мантиқии назариявӣ ва сиёсати санҷида ва амалан тасдиқгардидаи Пешвои миллат дар давоми се даҳсолаи ахир аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дарназардошти ҳамин ҳадафҳо, дар давраи миёнамуддат чунин вазифагузорӣ мекунад: «Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1, 8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1, 7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд» (Ҳамон ҷо. − С. 5).

Дар тамоми давру замон муколама асоси муносибати Ҳукуматро бо мардуми одӣ ташкил мекунад. Чунин робита вақте самаранок мегардад, ки агар ҳокимият дар бораи муҳтавои масъалаҳое, ки мавзӯи доғи ҷомеаанд, маълумоти дақиқ ва тавони ҳаллу фасли онро дошта бошад.

Бурди асосӣ ва муҳимтарин воситае, ки Пешвои миллат дар давоми фаъолияти пурсамари худ тавассути он стратегияи давлатдории хешро амалӣ намудааст, истифодаи ҳамин шакли муносибат мебошад.

Роҳбари давлат қотеона эълон кардааст, ки кафили пешравии ҷомеа соҳибҳунар будани ҳар як узви қобили меҳнати он аст. Барои амалӣ гаштани чунин талабот, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ  тамоми шароитро таъмин ва назорат мекунад.

Он чизе, ки мардумро дар замони қаҳтӣ ва қиматӣ аз гуруснагӣ наҷот дод, «заминҳои президентӣ» буд. Баъди он, ки одамон ба идома доштани ҳаёт итминон пайдо карданд, давраи дуюм − соҳибкории инфиродӣ оғоз гардид. Дар марҳалаи навин асоси микроэкономика гузошта шуд. Мушкилот, монеаҳои табиӣ ва сунъӣ эҷод кардан нисбат ба ин соҳаи иқтисодиётро Роҳбари давлат хуб дарк менамояд. Ҳамзамон, ҳаётан муҳим будани ин соҳаро барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояи мардумӣ, бедор кардани ташаббуси афроди созанда ва заҳмати софдилона хуб эҳсос мекунад. Маҳз барои ҳамин бо итминони комил изҳор медорад: «Дар мулоқоте, ки ман бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доштам, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ додам.

Масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд. Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем» (Ҳамон ҷо. − С. 5-6).

Таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ он нуктаро барҳақ таъкид карданд, ки Паёми навбатӣ як навъ ҳисоботи номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 дар мавриди амалӣ кардани барномаи интихоботӣ буд. Бешубҳа, ҳангоми таҳлил ва хулосабарории натиҷаҳои тараққиёти иқтисодии мамлакат дар муддати ҳафт соли ахир, ки бо далел ва рақамҳои эътимодбахш асоснок карда шуданд, Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ иброз медорад: «Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд» (Ҳамон ҷо. − С. 4).

Тавре хотирнишон гардид, Ҳукумати кишвар яке аз муҳимтарин роҳҳои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакатро дар рушди воситаҳои истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ медонад.

Дар ин самт, ба масъалаҳои баланд бардоштани таҷрибаи истеҳсолии одамон, дониш ва малакаи аз худ кардани технологияи нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Таъкид мегардад, ки рушди ҷомеа аз дараҷаи тавсеаи воситаҳои истеҳсолот вобаста аст. Аммо пешрафти сифатии воситаҳои истеҳсолот танҳо мафҳуми сирф материалӣ набуда, дар шароити имрӯза зарурати ҳарчӣ бештар такя кардан ба ресурсҳои маънавиро тақозо мекунад. Ба ҳамин хотир, дар Паём таъкид мегардад: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад» (Ҳамон ҷо. − С. 4).

Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад.

МАВҚЕИ ИЛМУ МАОРИФ

Дар Паём пешрафти минбаъдаи соҳаҳои илму маориф аз   вазифаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи махсус доир ба рушди илм, маориф, ба андешаи мо, иборат аз онанд, ки дониш, маърифат пояҳои аслӣ барои таъмини суботи сохти конститутсионӣ, сулҳ ва оромии ҷомеа мебошанд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд» (Ҳамон ҷо. − С. 22).

Суханони Пешвои миллат бо андешаи яке аз бузургтарин донишмандони Юнони Қадим Аристотел мувофиқ афтодааст, ки дувуним ҳазор сол пеш таъкид кардааст: «Гумон аст, касе шубҳа кунад: қонунгузор бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Дар ҷое, ки ин нест (тарбияи ҷавонон − С. Я.), сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; хислате (муносибат, бархӯрд, арҷ гузоштан − С. Я.), ки ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқ аст, одатан, барои ҳимояи он сохт хизмат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. − С. 535). Дар идомаи сухан ин донишманди бузург таъкид кардааст, ки навъи тарбия навъи давлатдориро тавлид месозад. Ва андешаашро идома дода хотиррасон мекунад: «Ҳама вақт характери беҳтарин, сохти (давлатдории) беҳтаринро рӯйи кор меорад» (Ҳамон ҷо. – С. 536).

Бешубҳа, характер ҳам маҳсули тарбия аст. Ин ҳақиқат барои таърих ҳамчун аксиома садо медиҳад. Баъд аз инқилоби Бухоро (1920) душманони сохти давлатдорӣ ва ҷонибдорони давлати феодалии ниҳоят заиф ва ақибмондаи амирони манғит – асосгузорони ҳаракати босмачигарӣ дар падидаи мактаби нав ва омӯзгорон рақибони ҷонии худро медиданд. Бо тамоми ваҳшоният ба қатлу куштори муаллимони ин мактабҳо машғул буданд.  Дар таърихи навтарин  – замони ҷанги шаҳрвандӣ ва чанд сол муқаддам аз ин ҳодисаҳои мудҳиш, мактабу муаллим ҳадафи аслии муллоҳои мутаассиб буданд.   Дар симои дониш, маърифат, ақлгароӣ онҳо фошкунандаи аслии мақсаду маром ва аъмоли зишти худро медиданд.

Бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст.

Ба назар мерасад, ки вобаста ба чунин талабот нисбат ба муҳтавои васоити таълимӣ – китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқоти муассисаҳои илмиву таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои гуманитарии Академияи илмҳо аз нигоҳи  танқидӣ муносибат кунем. Серталаб бошем. Онҳоро ба талаботи сохти конститутсионӣ – давлати миллӣ, тавъам бо таҷриба ва арзишҳои созандаи дунёи мутамаддин мувофиқ гардонем. Саҳлангорӣ ва муносибати духӯра дар ин маврид ба фоидаи суботи ҷомеа нест ва нахоҳад буд.

Дунявият ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ муқобили дин нест, тавре ки душманони сохти конститутсионӣ аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматхоҳӣ талқин мекунанд. Ва асли дунявиятро ҳам барои миллати тамаддунофари тоҷик назария ва амалияи сиёсии кишварҳои Ғарб, мисли падидаи нав, таҳмилгардида шуморидан, аз рӯйи адолати илмӣ буда наметавонад.

Тамоми таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик дар мисоли беҳтарин асарҳои илмиву адабӣ, қаҳрамониҳо ба хотири нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, урфу одатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ, халқеро бо номи тоҷик, ахиран соҳибдавлат гардонид, маҳз идеяи миллӣ – тоҷикият буд, на назария, идеология ва амалияи сиёсии дигар. Зинда мондани миллат ва забони ӯ дар худ унсури бузурги дунявиятро дорад. Дар акси ҳол, кишвар бояд дар ҳайати ягон хилофат мебуд. Имкони муаррифии худро бо номи Тоҷикистон дар дохил ва дар арсаи байналмилалӣ гум мекард.

Мусаллам аст, ки зуҳуроти органикӣ ва ғайриорганикӣ – табиат, ҷамъият ва тафаккур дар доираи системаҳои муайян арзи ҳастӣ карда метавонанд. Халқ ҳамчун мафҳуми системавӣ ин истилоҳро бо аломатҳои сифатӣ соҳиб мешавад. Дар доираи мафҳуми ҳуқуқии давлат зиндагӣ мекунад. Урфу одат, забон ва маданияти умумӣ дорад. Барои пешрафти доимии ҷомеа манфиатдор аст. Аз табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ иборат мебошад, ки ҳар кадом мақсаду мароми мушаххас доранд. Аммо аслан дар истилоҳи мардум оммаи меҳнаткаш дар назар дошта мешавад. Табақаҳои пешқадами ҷамъият бо он ҳамроҳанд. Ҷузъи тақсимнашавандаи мардумро ташкил мекунанд. Агар нақша, мақсад, маром ва амали онҳо ба рушд, некуаҳволӣ ва беҳбудии мардум созгор бошанд. Барои рушд ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамин ҷоннисорӣ кунанд. Намуна бошанд. Бо рафтори худ аксариятро ба ин амал ҳидоят намоянд.

Дар фалсафаи пешқадами Ғарб, вақте мафҳуми миллатро таъриф мекунанд, қисмати муҳим ва аввалини онро «existence of common ideology» (умумияти идеологӣ) − вуҷуд доштани арзишмандӣ, ормон ва самтгирии маънавии ягона медонанд. Худи мафҳуми халқ (миллат) бо аломатҳои номбаршуда маънии дунявиятро ҳамчун ҷузъиёти муайянкунанда дар худ таҷассум мекунад. Ин истилоҳ, дар як вақт, бидуни баҳс энтропияи (истилоҳи мустақиман номбарнашуда, аммо ба эътибор гирифташуда) таърихиятро ҳамчун далели раднопазир, яъне аксиома дар мадди назар дорад. Хулоса, зуҳуроти миллат воқеияти худкифо (selfsufishient) ва падидаи ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи дигар, объекти ба тарзи воқеӣ вуҷуддошта, яъне системаи мустақил мебошад. Ниёз ба дигарон надорад. Бо тамоми аломатҳояш худро ҳифз карда метавонад. Маҷмӯи алоқамандиҳоест, ки на танҳо дастнигари  унсури хориҷӣ нест, балки қудрати муаррифии «МАН»-и худро дорад. Аз дигар қувваҳо, таъсирҳои берунӣ, ки худ падидаи муташаккили мақсадноки бегона ҳастанд, дар ҳолати зарурӣ мустақилона канораҷӯӣ мекунад. Инро хештаншиносӣ ва дар маҷмӯъ, худшиносии миллӣ меноманд.

Баръакси ин падидаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебинем. Афғонистон, Сурия, Ироқ, Тунис, Яман ва баъзе кишварҳои дигар. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон, баъзе рӯйдодҳои хунини таърихи навтарин – кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҳизби террористии наҳзат, амалҳои террористии ҳаракати ба ном «Давлати исломӣ».

Ҳамин тариқ, эътироф бояд кард, дар системаи сиёсии миллӣ, ки маҳз ба хотир ва бо номи миллати давлатсоз – тоҷикон бунёд ёфтааст, рахнаи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Бо истифода аз заъф қувваҳои зиддитоҷикӣ, зиддимиллӣ, зиддидавлатӣ аз хориҷи мамлакат бо шиорҳои теократӣ, динӣ, ифротӣ вориди ҷомеаи Тоҷикистон шуда, ҳар сари чанд вақт «манзилро хатарнок», «мақсадро баид», «дилҳоро ғамдида», «сарҳоро шӯрида», гулистонро табдил ба «кулбаи эҳзон», ҷомеаро гирифтори «бозиҳои пинҳон» мекунанд. Роҳи ин биёбон бо «сарзанишҳои хори мағелон бепоён» (маъниҳо аз Ҳофиз) хоҳад монд, агар мардум бо гирифтани илм, дониш, маърифат ба асли худ ва моҳияти олами ҳастӣ сарфаҳм нараванд. Ҳадаф аз таъкидҳои гаштаву баргаштаи Пешвои миллат дар масъалаи «дониш талабидану бузургӣ омӯхтан» маҳз аз ҳамин иборат аст.

Пешвои миллат,  то он ҷое, ки давлат қудрат ва тавоноӣ дорад, бо ҳазор заҳмату машаққат ба хотири он ки ҳар кас кавкаби бахти худро санҷад, ки толеъ ӯро барои чӣ зодааст (Ҳофиз), шароит фароҳам овардааст. Ин заҳмат ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, наслҳои наврас ва ҷавон тааллуқ дорад. Дар ин маврид, дар Паём омадааст: «Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд» (Ҳамон ҷо. − С. 22-23).

Муҳаққиқи тарҷумаиҳолии яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ – Президенти ИМА Теодор Рузвелт ҳангоми тафсири хислатҳои ӯ менависад: «Теодор Рузвелт – сиёсатмадори тавоно, боистеъдод, ба таври худ дурандеш, қудратманд, бо неруи созанда ва устоди муроҷиаткунанда ҳам ба омма ва ҳам ба шахсиятҳои алоҳида мебошад» (А. И. Уткин. Теодор Рузвельт. − М.: Эксмо, 2003. – С. 2).

Мардуми ҳақбини Тоҷикистон ва оламиён шоҳиди чунин тавонмандӣ ва хислатҳои Роҳбари арҷманди давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд.

Дар самтҳое, ки барои соҳибкорон дар шароити миёнамуддат наметавонанд судманд бошанд, аммо барои имрӯз ва ояндаи миллат чунин иқдом ҳаётан муҳим, тақдирсоз ва бунёдӣ ҳастанд, маҳз ба хотири арзишмандии суханҳои Пешвои миллат онҳо омодаанд, ки имконоти моддӣ ва маънавии худро сафарбар созанд. Чунки худро як тани ҳамин миллат мешуморанд. Бо амали хеш дастгири сиёсати ободгарона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Оид ба дастгирии садоқатмандонаи фарзандони миллат Сарвари давлат бо қаноатмандӣ ва ифтихори бузург хотиррасон мекунад: «Аз ин шумора (сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таълимӣ − С. Я.) 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст» (Ҳамон ҷо. − С. 23).

Чунин олиҳимматӣ, натиҷаи обрӯ, эътибор, таъсири бевоситаи сифатҳои олии шахсияти бузурги Роҳбари давлат ба қишрҳои фаъоли аҳолӣ дар мушкилтарин ҷабҳаҳои бунёди давлати миллӣ мебошад.

Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар роҳи пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи таҳсилоти миёна ва ҳам олӣ дар асоси беҳтарин меъёрҳои байналмилалӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Пешбинии раванди тараққиёт ва талаботи рӯзафзуни ҷомеа дар алоқамандӣ бо афзоиши аҳолӣ, беҳтар намудани шароити рӯзгори одамон, тибқи ниёзҳои иҷтимоии замона торафт баланд бурдани сатҳи зиндагии омма аз нақшаҳои марказии роҳбарияти сиёсии мамлакат мебошад.

Соҳаи маориф, дар ин маврид, мавқеи майянкунандагиро касб кардааст. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат иброз медорад:  «Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад» (Ҳамон ҷо. − С. 23).

Тавре хотирнишон гардид, Пешвои миллат дар самти амалӣ сохтани мақсадҳои стратегии худ аз дастгирии оммаи мардум, алалхусус, соҳибкорон ба навъи аҳсан бархӯрдор аст. Аз ин лиҳоз, бо қаноатмандӣ аз саховатмандии онон иброз медорад: «Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям» (Ҳамон ҷо. − С. 23).

Чунин муносибати одилона, изҳори эътиқодмандӣ, арзи сипос аз ҷониби Пешвои миллат нисбат ба самараи меҳнати соҳибкорон, ҳамватанони моро рӯҳбаланд ва барои боз ҳам фаъолтар ширкат варзидан дар раванди созандагии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Дастгирии ташаббусҳои ватанхоҳона, арҷгузорӣ нисбат ба заҳмати шабонарӯзии пешоҳангони давлати соҳибистиқлол муҳимтарин омили ташвиқу тарғиби ҷавонон ва оммаи мардум ба хизмат ва садоқат ба Ватан мебошад.

ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ТАРБИЯ ВА ТАЪЛИМ

Вобаста ба шароити таълим ва тарбия, ки Роҳбари давлат барои рушди илму маориф омода кардааст, дар Паём доир ба баланд бардоштани соҳаи омӯзиш, парвариши насли наврас ва ҷавонон вазифаи ҷиддӣ мегузорад. Таъкид карда мешавад, ки сифати кори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бояд ба талаботи рӯзафзуни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, шинохт ва дарки воқеияти табиат ва ҷамъият мувофиқ бошад: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд» (Ҳамон ҷо. − С. 23).

Вале ин нукта боиси таассуф аст: новобаста аз он ки давлат барои тарбияи насли наврас, ҷавонон тамоми шароитро тибқи меъёрҳои эътирофгардида омода кардааст, сатҳ ва сифати донишҳои хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯз – иқтисодиёти бозаргонӣ, аз худ кардани технологияи пешқадам, донишҳои бунёдии соҳаҳои ҳуқуқ ва дигар  самтҳои гуманитарӣ ба меъёр ҷавобгӯ нест. Дараҷаи дониш ва малакаи хатмкардагони мактабҳои олӣ ба талаботи асосие, ки тибқи он ҳуҷҷат дар бораи мутахассиси соҳа будан дода мешавад, мувофиқат намекунад. Байни диплом ва дониш, ки яке зуҳурот ва охирӣ ҷавҳари аслии тахассусмандӣ – муҳимтарин сифати шахсиятро ташкил мекунад, барои он вақт − умри азиз ва маблағи зиёд сарф шудааст, фосила ба андозаи нобахшиданӣ аст. Омили аслии афзоиши бекорӣ, авҷи ҳиссиёти тақдирпарастӣ, дастнигарӣ, эҳсоси нодаркорӣ барои ҷомеа, раҳгумзадагӣ, ноумедӣ, рӯ овардан ба ҷаҳонбинии ниҳоят арзони схоластикӣ ва нуфузи рӯҳияи ифротӣ ба шуури ҷавонон дар ҳамин ифода мегардад.

Бо дипломи мактаби олӣ бисёре аз ҷавонон ба зиндагӣ, ки барои ягон падидаи соҳибшуури олам осон нест, нотайёр даргоҳи он муассисаро тарк мекунанд. Онҳо дунёро, ҷомеаро на ба он тарзе, ки воқеият дорад, субстансионалӣ, объективӣ аст, қабул мекунанд.

Ҳангоми эҳсоси муҳити атроф сифати аслии предмет дар шуур худ ба худ инъикос намеёбад. Барои ин донишҳое, ки баъдан тавассути таҷриба бори дигар тасдиқи худро пайдо мекунанд, заруранд. Дар ҳолати камбуди тасаввуроти илмӣ, хосияти объективии предмет дар шакли субъективӣ қабул мешавад. Ҳаракати ақли инсон аз зуҳурот то моҳият дар фосилаи муайян андармон мегардад. Шахс барои худ, муҳит ва ҷомеа мушкил эҷод мекунад.

Афроди муайян, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бозигарони геополитикӣ вазъи донишазхудкунӣ, маънавиёт ва хислату характери ҳар миллатро ҷиддан, мақсаднок меомӯзанд. Нуктаҳои заъфи ҷаҳонбинии онҳоро ҳамчун кашфиёти муҳим ошкор мекунанд. Барои худ ва бар муқобили миллати мавриди ҳадаф аз ҳисоби намояндагони содаву бехиради худи ҳамон миллат, зери шиорҳои дурӯғин лашкар месозанд. Олимони маъруфи материализми илмӣ хулоса баровардаанд: «Ва бояд бигӯем, ки модарзодӣ, одамони аз лиҳози зеҳнӣ маҳдуд, синфи  аз ҳама зиёди мардумро ташкил мекунанд… ва донем, ки ин гуна маслуқият зуҳуроти тараққиёти таърихӣ аст. Ва аниқ, ҳамин тарз (ноқисӣ, бесаводӣ – С. Я.) дар натиҷаи инкишофи таърихӣ метавонад аз нав нобуд карда шавад» (К. М., Ф. Э. Немецкая идеология. – М.: Политиздат., 1988. – С. 283).

Хулосаи мусбат ва умедбахш – илм омӯхтан, маърифатнок гаштан, ки дар ҷумлаи охирини иқтибос омадааст, хосияти эҳтимолӣ дорад. Ваъдаи ҳатмӣ нест. Ба характер ва иродаи инсон вобаста аст. Заҳмати сангин, хислат ва иродаи маслиҳатбинро тақозо мекунад. Аз бар кардани дониш, ҳамин тариқ шахси барои худ, аҳли оила, ҷомеа ва миллат судманд гаштан кори саҳл  буда наметавонад. Френсис Бекон (1561-1626), олими бузурги англис  таъкид мекунад: «Ҳама гуна дониш, аз назари мо, дар гардишҳои печ дар печи кӯҳҳои баланд ҷойгир аст. Ҳамчун зуҳуроти олӣ, дар ким-куҷое, дар баландиҳо макон дорад. Мувофиқ ба ҳаққи хеш, аз он ҷо, аз кӯҳҳои баланд ба паҳнои бузург, ба бесаводӣ метавонад таҳқиромез назар андозад» (Ф. Бэкон. Сочинение в двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1978. – С. 292).

Саҳлнигарӣ нисбат ба омӯзиши илму маърифат дар Паём, воқеъбинона, ҳамчун ибрози ташвиш садо медиҳад: «Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 25).

Сабабгори аслии шикасти давлати бузурги Сомониён, фоҷиаи миллати тоҷик бар асари зуҳуроти босмачигарӣ дар солҳои 20-ум, падидаи чунин ҳаракати зиддимиллӣ бо либоси «муҷоҳидин» дар солҳои навадуми асри ХХ дар Тоҷикистон, зуҳуроти густурдаи назария ва амалияи террористӣ ва ҳама гуна бадбахтиҳо дар тафаккури ҷомеаи имрӯз, дар «бесаводии ифтихорӣ»-и қисмате аз мардум аст. Бесаводӣ фоҷиа аст. Албатта, вақте сухан дар бораи дониш ва саводнокӣ меравад, тасаввуроти илмии дар таҷриба санҷидашуда дар назар дошта мешавад. На дониш ва тасаввуроти дигар.

Аристотел ишора кардааст: «Давлат мансуб ба касест, ки табиатан вуҷуд дорад ва инсон табиатан падидаи сиёсӣ аст» (Аристотель. Политика. − М.: РИПОЛ классик. 2010. – С. 29). Яъне инсони солим, сарфи назар аз мавқеъ ва манзалати ҷамъиятӣ, зуҳуротест, ки наметавонад аз сиёсат дур бошад. Тору пуди инсон сиёсӣ аст. Аммо донишмандони материализми илмӣ гаштаву баргашта таъкид кардаанд: «Одами бесавод, берун аз сиёсат аст. Сараввал ӯро алифбо бояд омӯзонд. Бе он (савод − С. Я.) наметавонад сиёсат вуҷуд дошта бошад. Бе он (доштани илм − С. Я.) овоза, ғайбат, афсона ва хурофот вуҷуд дорад, на сиёсат».

Фақат илм аст, ки зери тазйиқи бераҳмона, вале одилонаи он, тамоми падидаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур сифати муаммо будани худро аз даст медиҳанд. Ошкор ва мутеи ҳазрати Инсон мешаванд. Ба ӯ хизмат мекунанд. Тавре ки таҷрибаи олам нишон медиҳад, дигар чунин қувва ва такягоҳе вуҷуд надорад. Гегел дар ин маврид мушаххасан таъкид месозад: «Дар моҳияти пинҳон ва сарбастаи олам қуввае нест, ки зери фишори илм муқобилият карда тавонад: вай дар пеши илм бояд кушода гардад ва рангорангии умқи худро ба намоиш гузорад ва имкони истифодаи онро пешкаш намояд» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 1-14. – М-Л.: Мысль, 1929. – С. 9).

Ба тарзи дигар, дониш даричае барои наздик шудан, ворид гаштан ба моҳият − воқеият аст. Калиди он дар мактаб, китоб, илмомӯзӣ дар вобастагии кулл, аввал ба иродаи таълимгиранда ва баъд бо тахассусмандӣ ва масъулияти омӯзгор вобаста аст.

Эҳсосоти мавҷудияти ҳақиқати ягона, ки ҳар касе ҳуқуқ дорад дар майнаи худ парвариш кунад, обу тоб диҳад, гоҳо ифтихор ҳам дошта бошад,  ҳолати воқеии предмет, ки албатта, берун аз шуури ӯ вуҷуд дорад, мутаассифона ё хушбахтона бетағйир боқӣ мемонад.

Бо дарки масъулияти бештар, ки дар ин маврид ифода гардид, Пешвои миллат сохторҳои маориф ва илм, дигар мутасаддиёнро вазифадор кардааст: «Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд» (Ҳамон ҷо. − С. 24).

ДАР ХУСУСИ АЗ ХУД КАРДАНИ ИЛМҲОИ БУНЁДӢ

Дар сарсухан ба китоби «Ибн Сина. Избранные философские произведения», ки нашриёти «Наука»-и Москва солҳои ҳаштодуми асри гузашта нашр кардааст, омадааст: «Номи Абӯалӣ ибни Сино (Авиценна) – зодаи Бухоро,  ба таърихи маданияти дунё ворид гаштааст. Ин ғайричашмдошт нест. Ӯ дар қатори бузургтарин олимон − энсиклопедистони асримиёнагӣ эътироф гаштааст. Мероси илмии ӯ бениҳоят васеъ буда, самтҳои гуногунро дар бар мегирад: фалсафа, тиб, риёзӣ, ситорашиносӣ, ботаника, кӯҳшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ ва мусиқиро» (Ибн Сина. Избранные философские произведения. − М.: Наука, 1980. − С. 3).

Худи Абӯалӣ ибни Сино илмҳои назариявиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: «Якум илми дараҷаи олӣ ё илми аввалия, онро ҳамчунон илме меноманд, ки берун аз табиат вуҷуд дорад. Дуюм − илми миёна, математика.  Сеюм илм дар бораи табиат…» (Ҳамон ҷо. – С. 3). Дар идомаи сухан Абӯалӣ ибни Сино таъкид мекунад: «Аз тамоми ин илмҳо барои инсонҳо фаҳмотар, наздиктар илм дар бораи табиат мебошад, аммо дар он бисёр нофаҳмиҳо мавҷуд аст» (Ҳамон ҷо. − С. 27).

Аз ҳама сифатҳои нобиғагӣ, ки Абӯалӣ ибни Сино дошт, доҳӣ будани ӯ (тавсифи Садриддин Айнӣ) дар соҳаи илми тиб хусусияти муайянкунандагиро касб кардааст. Яъне сухан дар бораи донишҳо дар самти илмҳои дақиқ меравад.

Дар омади сухан, хотирнишон кардани ин нукта лозим дониста мешавад, ки китоби номбурдаро (Ибн Сина. Избранные философские произведения. − М.: Наука, 1980.), дар ҳамин шакл Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба нашр омода ва бо заҳмат дар Москва нашр кардааст.

Мураттибон ва муҳаррирон дар сарсухани китоб ҳангоми муаррифии шахсияти Абӯалӣ ибни Сино − олим ва мутафаккири сатҳи умумиҷаҳонӣ, фақат бо ишораи зодгоҳ иктифо намуда, мутаассифона, аз ифодаи мансубияти миллӣ – тоҷик будани ӯ худдорӣ кардаанд.

Ин падида, албатта, сабаб дорад.

Аммо ба услуб ва муҳтавои маълумоте, ки замони раҳбарии И. В. Сталин дар бузургтарин ва боэътимодтарин фарҳанги «Большая советская энциклопедия», нисбат ба тарҷумаи ҳоли ин нобиғаи олам ба табъ расидааст, бояд таваҷҷуҳ карда шавад: «Ибни Сино (шакли лотинишуда – Авиценна, замони зиндагиаш наздик ба солҳои 980-1037 – С. Я.) − бузургтарин файласуфи тоҷик, табиатшинос, табиб, математик, шоир, мутафаккири мустақил ва такрорнашаванда. Дар деҳаи Афшана, наздикии Бухоро, маркази давлати Сомониён таваллуд шудааст. Падари И. С. –  Абдулло аз тоҷикони Балх, дар Бухоро аз ходимони соҳаи молия буд. Модари И. С. – тоҷик, Сетард ё Ситорабону аз д. Афшана. Соли 985 оилаи мазкур ба Бухоро барои зисти доимӣ омадаанд (Большая советская энциклопедия. Второе издание. Государственное научное издание «Большая советская энциклопедия». Ҷилди 17. − С. 257).

Дар он давра, тарзе маълум аст, ҳарферо хато гуфтан ё навиштан масъулияти бузург ва пурсиш дошт. Дар чунин нашрияи бонуфуз мавод баъди хосияти аксиома (ҳақиқати бидуни баҳс)-ро доштан, иҷозаи табъу нашрро мегирифт.

Қобили тазаккур аст, ки дар ин бонуфузтарин фарҳанги замони шӯравӣ, байни саҳифаҳои 256-257, расми  калони Абӯалӣ ибни Сино − фарзанди барҷастаи миллати тоҷик, дар як рӯйи варақ, ҷой дода шудааст. Китоб зиёда аз панҷоҳ ҷилдро дар бар мегирад. Чунин ифтихор ба кам андар ками олимони ҷаҳон, ки бо хизматҳои оламшумули худ дар ин фарҳанг ёдовар шудаанд, муяссар гаштааст.
Дар саҳифаи дуюми «Энсиклопедияи калони шӯравӣ» омадааст: «Ҷилд барои нашр 30-юми октябри соли 1952 ба имзо расидааст».

Аз нашри ин китоби бузург наздик ба ҳафтод сол мегузарад. Аммо то ин замон касе ҷуръат накардааст, ки ҳақиқати дар он нигошташударо зери шубҳа гузорад.

Муҳаррири масъули китоб академики Акадамияи фанҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ В. А. Введенский, ҳайати таҳририяи он иборат аз бисту панҷ нафар олимони маъруфи шӯравӣ, аз ҷумла, академик Г. В. Келдиш, бузургтарин олими соҳаи математика ва физикаи даврони шӯравӣ, ки баъдан президентии АФ ИҶШС  (1961—1975)-ро ба уҳда дошт, буданд.

Эҳтимоли қавӣ он аст, ки мақолаи энсиклопедии зикршуда доир ба Абӯалӣ ибни Сино зери назари президенти ҳамонвақтаи Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ омода гардидааст.

Забон ва тарзи баёни маълумот, бо он қотеияте, ки аз донишмандӣ, хислат ва иродаи қаҳрамонии ин шахсияти нотакрори сатҳи ҷаҳонӣ сарчашма мегирифт, дар «Энсиклопедияи калони советӣ» ҳамчун шиноснома, ҳувият ва далели тасдиқгардидаи аслу насаби Абӯалӣ ибни Сино ҷой дода шудааст.

Садриддин Айнӣ гӯё нозукии масъаларо дарк намуда, воқеияти таърихиро дар бузургтарин сарчашмаи таърихӣ, дар вобастагӣ ба нуфузи сиёсии ҳокимияти давр, ки аз эътимод ва эҳтироми мардумони сайёра бархӯрдор буд, ҳуҷҷат ва муҳру васиқа кардааст. Ҳамин тариқ, ба  баҳсҳои эҳтимолӣ оид ба ҳақиқати тарҷумаиҳолии ин алломаи ҳама давру замон, ки ифтихори бузурги миллати тоҷик мебошад, ба тарзи абадӣ нуқта гузоштааст.

«Таърифи афиниҳо дар назди афиниҳо мушкилӣ надорад» (Сократ. Большая книга мудрости. – М.: Эксмо, 2015. − С. 49). Аммо муҳим он аст, ки мо бояд хислат, қудрат ва аз ҳама бештар, иродаи ҳимояи тахассусмандонаи манфиатҳои миллиамонро берун аз марзҳои давлатиамон дошта бошем. Онро дар амал нишон диҳем. Дар зарурат аз сарчашмаҳои муътамади сатҳи байналмилалӣ истифода карда тавонем.

Ба ин хотир, «Душмани донишгадоят «Дониш»-и Сино гирифт» (Бозор Собир, феъли замони гузаштаи иҷрогардида – past perfect tens) гуфта, мотам гирифтан, асос ва аз ҳама бад, фоида надорад. Ҳадди ақал, «Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм, пайрави Айниву Турсунзодаем» − (Лоиқ Шералӣ) эълон карданро на танҳо дар сухан, ҳамчун шиор, балки дар амал, дар таҷриба тасдиқ кунем дар ҳоли ҳозир басанда аст.

Аз тарафи дигар, «гирифтан» ҳамчун масдар (infinitive) ҳолат, ҷараён (шакли номуайяни вазъ, ҳаракат)-ро ифода мекунад. Хосияти диалектикии муборизаҳост. Кӯшиши абадӣ ва беохири субстансия, ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Аз  хоҳиши мо вобастагӣ надорад. Ва баръакс, ҳимоя кардани боигариҳои моддӣ ва маънавӣ, дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ, мансуб ба мо ва вазифаи муқаддаси мост. Нишонгари қудрат, тавоноӣ, иродаи миллат, аҳли ҷомеа, яъне ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Бадхоҳ интизори хастагӣ, дудилагӣ ва оқибат нотавониҳост. Вагарна «донишгадо»-ҳо, «хонагадо»-ҳо абадан ҳамсафари таърихии миллатҳоанд.

Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад.

Ба мавзӯи асл баргашта, таъкид карданӣ ҳастем, ки  олимони тоҷик аз ҷумлаи асосгузорони илмҳои дақиқ на танҳо дар минтақа, балки дар дунё эътироф гардидаанд. Бо ташаббус, ҳидоят ва ҳимояи Раҳбари давлат ин анъанаро эҳё бояд кард.

Маълум аст, ки дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон сиёсатҳо дар асоси такя ва истифода аз дараҷаи тавоноии илмҳое, ки рушди иқтисодӣ ва қудрати мудофиавии давлат аз онҳо вобастагии куллӣ дорад, амалӣ мешаванд. Гарчанде фанҳои табиатшиносӣ дар алоқамандии ногусастанӣ бо илмҳои дақиқ бошанд ҳам, бо вуҷуди ин И. Кант таъкид кардааст: «Дар ҳар илми табиатшиносӣ то ҳамон дараҷа ҳақиқат аст, чӣ қадаре ки дар он математика бошад».

Г. В. Ф. Гегел дараҷаи тараққиёти инсонро дар тавоноии фосилагирии вай аз табиат медонад: «Одам ба сифати мавҷуди ягона вазифадор аст бар он шароите, ки табиат дар пеши ӯ мегузорад, мубориза барад. Қарзи маънавии инсон – тавассути ҷаҳду ҷадал, фаъолият ва ақлу фаросат ба даст овардани мустақилият мебошад. Барои он ки одам мувофиқи табиати худ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад; вай бояд мавҷудияти худро тавассути рӯҳ ва қобилияти соҳибҳуқуқии хеш ҳифз кунад. Ҳамин тариқ, аз вобастагӣ ба табиат озод шавад» (Г. В. Ф. Гегель. Философия религии в двух томах. Т. 1. – М.: Мысль, 1975. − С. 403). Андешаи худро файласуфи бузург бо чунин хулоса ҷамъбаст мекунад: «Нексириштии (Rechtschaffenheit) инсон маҳз дар ҳамин ифода меёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 403).

Тарзе мебинем, олими немис ин назарияи худро дар асари машҳураш «Фалсафаи дин» баён мекунад. Худи ӯ аз шахсони тақводори дини католикӣ ва албатта, худопараст буд. Аммо вақте сухан дар бораи дониш, ақлу хирад, хусусан, манфиати миллат меравад, ӯ ҳамчун олим, мутафаккир, зиёии солимфикри воқеӣ ва созандаи миллат мавқеи динро шадидан зери танқид мегирад. Аз манзалати эътиқодии худ берун меояд. Дар алоқамандӣ бо назарияи дар боло зикршуда, таъкид месозад: «Дар муқобилгузорӣ бо ин вазифаи дунявият, масъулияти динӣ талаб мекунад, ки одам  набояд ин тавр рафтор кунад ва худро бо чунин сарборӣ дар азоб монад. Ахиран, ҳама самти фаъолият, ҳама гуна шакли амал дар алоқамандӣ бо соҳибкорӣ, саноат ва ғ. рад карда мешаванд; лозим нест, ки одам дар назди худ чунин вазифаҳоро гузорад. Аммо зарурат дар ин маврид ҳамчун натиҷаи ақлу фаросат беҳтар аз  чунин ҷаҳонбинии динӣ аст» (Ҳамон ҷо. − С. 404).

Ин аст намунаи рафтори олии зиёии миллӣ, ки хулосаи сифатии дар олам машҳури бузургтарин нобиғаи материалисти асри ХХ-ро оид ба «интеллигентсия»-и замони худаш дар давраи ҳассоси таърихии миллат (нома ба Максим Горкий, 15.09.1919) рад мекунад.

Гегел ҳамчун намояндаи миллати воқеан таърихӣ, соҳибхирад, бо собиқаи бемисли таҷрибаи давлатдорӣ, ки новобаста аз фоҷиаҳои бузург ҳам аз дохил ва ҳам аз берун, ягон қувва натавонистааст рӯҳи  созандагии онро шикаст диҳад, нақши давлатро дар ҷомеа, дар тамоми ҷабҳа, аз ҷумла, ҳангоми танзими муносибати дин ва ҷомеа муҳим мешуморад. Давлатро ягона муассисае медонад, ки бо тамоми восита ва абзори дарихтиёрдоштааш бояд тантанаи Ақл ва Хирадро дар ҷомеа таъмин созад. Таъйинот, вазифаи ҷонии давлатро дар ҳамин мебинад: «Олитарин маънавиёт дар чаҳорчӯбаи давлат дар он зуҳур меёбад, ки иродаи хиради ҳамагонӣ дар он тантана кунад» (Ҳамон ҷо. – С. 404).

Такя ба илм, хирадсолорӣ ҷавҳари маънавиёт – адабиёт ва  фарҳанги миллати тоҷикро дар бар  мегирад. Дар ин бора, аз   ҷумла, шахсияти маъруф Академики академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ П. Н. Федосеев  менависад: «Идеяҳои илмӣ-назариявии Ибни Сино аҳамияти барҷаста доранд. Назарияи дарки олам дар эътиқодоти ӯ  дар он пояе меистад, ки худи инсон қудрати дарки онро дорад. Дар муқобили назарияи динӣ-фалсафие, ки дар мамлакатҳои мусулмонии давр ҳукмрон буданд ва эътиқод ба падидаи муъҷиза ва нотавонии мутлақи инсон дар донистани он, моҳиятан, мавқеи асосӣ дошт, Ибни Сино ҳамчун ҳимоятгари ашаддии хирад, зарурати оқилона андеша кардани тамоми зуҳурот ва ҷараёнҳо, ки дар назди тафаккури инсонӣ ошкор ҳастанд, баромад мекард» (Ибн Сина (Авиценна). Избранные философские произведения. – М.: Наука, 1980. – С. 4).

Эътимоди қавӣ он аст, ки маънӣ, муҳтаво ва ҳувияти аслии Паёми Пешвои миллатро ҳамин мантиқи бузург ташкил мекунад.

Роҳбарияти давлат, барҳақ, эҳсос намудааст, ки дар чанд соли ахир ба илмҳои табиатшиносӣ, ки бидуни онҳо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа имкон надорад, таваҷҷуҳи баробарвазн ба ниёзҳои иҷтимоии имрӯза ва оянда зоҳир намешавад.

Воқеан, муддатҳои тӯлонӣ табиати мардуми тоҷикро, асосан, моил ба илмҳои гуманитарӣ тафсир кардаанд («Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд…»). Ҳатто олимони маъруф, ки ихтисоси решагӣ, аслии онҳо физика ва риёзӣ аст, самти таҳқиқоти худро баъдтар ба илмҳои гуманитарӣ иваз кардаанд. Дар ин соҳаҳо рисолаҳо ҳимоя намудаанд. Аз ихтисоси худ ба тарзи доимӣ фосила ҷустаанд. Ин падида табиӣ ва тибқи ниёзҳои иҷтимоӣ, ки асоси талаботи муайянкунии самтҳои тадқиқоти илмӣ аст, ба назар  намерасад. Зарур аст, ки ба ин ҳолат дар дараҷаи тасмимгириҳо хотима дода шавад. «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд» (Ҷалолиддини Румӣ). «Шеърнависиро омӯхтан мумкин нест» (Л. Н. Толстой). Мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ гулчинанд. Онҳоро интихоб, эҳтиёт ва тарбия бояд кард.

Таъкиди махсус доир ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ дар Паём дарки амиқи ниёзҳои иҷтимоист. Истифодаи  ибораи зарурати  «тавсеаи  тафаккури  техникӣ» ва алоқамандии он бо фанҳои дақиқ, мисоли барҷастаи аҳамияти илмиву амалӣ доштани ин ҳуҷҷати тақдирсозро таъкид  кардааст. Зеро бе донистани математика, физика, химия, биология ҳосил кардани тасаввуроти ягона дар бораи ҳодисаҳои табиат ва муҳити зист имкон надорад. Эҳсосоти баробар ба воқеияти он дар шуури инсон пайдо намешавад. Маҳз тавассути рушди донишҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ, имконоти тағйирёбии мусбат ва ба талаботи зиндагӣ мувофиқ гардонидани захираҳое, ки табиат бо сахтӣ, сангдилӣ ва бераҳмӣ дар худ нигоҳ медорад, шароит муҳайё мегардад.

Сиёсати давлатӣ дар ин хусус, чуноне аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, хосияти материалӣ дорад. Тараққиёти ҷомеа фақат бо василаҳое имконпазир аст, ки онҳоро худи одамон сохтаанд. Воситаҳои рӯҳӣ, равонӣ, эътиқодӣ, мутаассифона, дар ин кор судмандии худро тавре дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, исбот карда натавонистанд.

Ҳаёти ҷомеа, сарфи назар аз даъвоҳои хастагинопазири беохир ва мақсадноки муаллифон ва ҷонибдорони идеологияҳои шахшудамонда амалия, таҷрибаи судоварро эътироф мекунад.

Ҷомеае, ки аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии меҳнати зеҳнӣ, ақлонӣ канорагирӣ мекунад, дар доираи меҳнати тоқатфарсои ҷисмонӣ, ҳамчун натиҷа, дар «ақибмондагии ифтихорӣ» побанд мемонад. Рӯзмарра ва муҳиммияти чунин авзоъро ба инобат гирифта, Пешвои миллат дар Паём эълом медорад: «Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд» (Ҳамон ҷо. − С. 24).

Субъектҳое, ки дар ин самт мутасаддӣ ҳастанд, ба таври мушаххас муваззаф гардиданд: «Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд» (Ҳамон ҷо. − С. 24).

Ҷойи шубҳа нест, ки ҳангоми амалӣ кардани барномаи бистсолаи ба омӯзиши фанҳои дақиқ равонашуда нақши қишрҳои алоҳидаи ҷомеа – оғоз аз падару модар, боғча,  сохторҳои давлатӣ, васоити ахбори умум, ҳар яке дар доираи салоҳияти худ барои таъмини самараноки ин нақшаи ҳаётан муҳим муайян мегардад.

Рушди илмҳои дақиқ аз он ҷиҳат зарур аст, ки онҳо на танҳо ба инкишофи тафаккур, балки барои мушаххас кардани ҷаҳонбинии инсон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла шинохти илмии воқеаҳои ҷамъиятӣ низ кумак мекунанд. Тағйир ва таҳрифи ченакҳои математикӣ, физикӣ, геометрӣ аз ирода ва хоҳишҳои одамизод, ки дар доираи манфиатҳои фардӣ, гурӯҳӣ, синфӣ, ҳизбӣ ва эътиқодии худ бисёр «доно» аст, ғайриимкон мебошад. Ба иродаи ҳазрати Одам вобастагӣ надорад. Донишмандони асили илмҳои дақиқ, мутахассисони ин самт аз дигар соҳибкасбон бо интизории мусбат – ҳадгузорӣ рӯйи амал фарқ мекунанд. Ихтисос ба характери инсон ҳаргиз бетаъсир намемонад. Бетараф нест. Ин гуна муносибат дуҷониба аст.

Яке аз сифатҳои бузурги Роҳбари давлат бо тавоноии хирадмандона, ки аз дониш, малака, худомӯзӣ, таҳлилҳои амиқ, таҷрибаи зиндагӣ, хулосабарории баробар бо воқеияти зиндагӣ сарчашма мегирад, бо тамоми тафсилот ва ниҳоят боварибахш нишон додани роҳ, усул, метод, вақт, замон ва макони иҷрои вазифаҳост.

Собиқаи асосгузории давлате сароғоз аз ҳеҷ, зина ба зина эъмори давлатдории сирф миллӣ ва то ба ҳадди рушди бемайлон расонидани он имкон додааст, ки Сарвари мамлакат чунин санъати роҳбариро дар тамоми соҳаҳои барои кишвар ҳаётан муҳим ҷорӣ ва ба масъулону оммаи мардум бо шеваи фаҳмо тафсиру пешниҳод намояд.

Рӯ ба омӯзиши илмҳои дақиқ намудан ва аз он натиҷаи судманд бардоштан дар Паёми Пешвои миллат ба чунин шакл ифода гаштааст:

«Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд» (Ҳамон ҷо. − С. 24).

ОИД БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар се даҳсолаи охир нисбат ба забони модарӣ боарзиштарин тавсифҳо, ҳамду сано,  ифтихормандиҳо, даъватҳои ихлосмандонаи сидқан омӯхтан, аз худ кардан ва дар тамоми самтҳои  давлатдорӣ истифода бурдани он иброз гаштанд, ки дар тӯли ҳазор соли ахир собиқа надошт. Ва дошта ҳам наметавонист.

Ин иқдомот аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, идеявӣ ва ахиран, байналмилалӣ доранд.

Аввалин бор, яке аз қудратмандтарин забонҳои дунё – забони тоҷикӣ, ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва дастоварди бузурги маънавиёти ҷаҳонӣ бо садои ҷавонмардона аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми олам садо дод.

Ин саҳифаи нави таърихи рушду тантанаи забони тоҷикӣ хизмати бемисл ва ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Манзалати забони тоҷикӣ дар сиёсати Сарвари давлат мавқеи муайянкунандагӣ дорад. Он ҳамчун ҳувияти миллӣ, омили аслии расидан ба истиқлолияти давлатӣ, пояи асосии хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ эълон гаштааст: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон (– Душанбе: ҶДММ «Контракт», 2017. − С. 114).

Забони модарӣ дар таълимоти Роҳбари давлат ҳамчун «рамзи истиқлолияти давлатӣ», «муҳимтарин унсури таҷассумкунандаи ҳастии миллат», «симо ва пайкараи миллат», «ёдгори маънавии миллӣ», «забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ», «тимсоли ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии сокинони Тоҷикистон» ва волотарин истилоҳот ба монанди инҳо тафсир карда шудааст. Аз ҳамин  ҷиҳат, гаштаву баргашта таъкид намудааст: «Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бино бар ин, саъю талош барои  эҳёи рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 116).

Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ чунин арҷгузорӣ, муносибат ва талабот бо тарзи мушаххас ифода гаштааст: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: − Душанбе: Шарқи озод, 2019. − С. 25).

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба мақсади маърифатнок гардидан, тавассути забонҳои хориҷӣ дастрасӣ пайдо кардан ба илм, дастовардҳои техникӣ  ва мадании мардумони олам таъкид месозад: «Ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем» (Ҳамон ҷо. − С. 25).

ХОНДАНИ КИТОБ

Аз бузургтарин андешаҳое, ки дар адабиёти илмиву бадеии миллати тоҷик садо медиҳад, «рӯй бар ганҷи фарҳанг» ниҳодан – мутолиаи китоб аст.

Афкори маорифпарваронаи Пешвои миллат, арҷ гузоштан ба илм, маърифат, омӯхтани касбу ҳунар, заҳмати аҳли зиё, таъкиди ҳамаҷониба ва пайвастаи ӯ доир ба тарғиби донишандӯзию касбомӯзӣ ниёз ба таҳқиқи алоҳида дорад. Дар фаъолияти Роҳбари давлат ин масъала ҳам ҷанбаи назариявӣ ва ҳам амаливу сиёсиро дар бар мегирад.

Суханҳои Пешвои миллат давоми мантиқии ифодаҳои бузургони гузаштаи мо ҳастанд, ки дар қатори нобиғаҳои башарият шинохта шудаанд, мисли «Дониш андар дил чароғи равшан аст», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ), «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (Абулқосими Фирдавсӣ), «Илму ҳикматро талаб кун, то тараб ёбӣ ҳаме», «Шифои дарди дилҳо гашт ирфон», «То илм наёмӯзӣ, некӣ натавон кард» (Носири Хусрав), «Маликулмулуки фазлам ба фазилати маонӣ», «Ба лисони (забони − С. Я.) Миср хоҳӣ, ба лисони ман назар кун», «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (Низомии Ганҷавӣ) ва монанди инҳо.

Ҷавҳари маънии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи омӯхтани илм – донистани ҳақиқати зиндагӣ, фаҳмидани омилҳои аслии пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур, ба хулосаи баробарвазн ба воқеият расидан, осон кардан ва рушди ҳаёти ҷомеа аст. Ба тарзи дигар, фақат дониш аст, ки метавонад ҳамзамон бо дарки ҳақиқат роҳкушои мушкилот ва воситаи барканор кардани сабабҳое бошад, ки дар ҳаёти ҷомеа монеа ба вуҷуд меоранд.

Асоси таҳаввулоти ақлии инсон ва ҷомеаро хондани китоб ва истифодаи мантиқи бузурги он ташкил мекунад. Зеро «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. − С. 26), таъкид карда мешавад дар Паёми Пешвои миллат.

Чӣ тавре ки мебинем, барои миллати мо тавсифи дониш ҳадду канор надорад. Дар байни мардуми Ғарб, дар баробари дигар ифодаҳои ибратбахш зарбулмасали «Learning is the eye of the mind» («Дониш чашми ақл  аст») аз маъмултаринҳо мебошад. Ё ин ки «Wit without learning is a like a tree without fruit» (Ҳаёт бидуни илму маърифат дарахти беҳосилро мемонад).

Яке аз машҳуртарин нашрияҳои Британияи Кабир фарҳангеро таҳти унвони «The Penguim dictionary of Proverbs» (1999) ба табъ расонидааст, ки зиёда аз 6000 панду насиҳатро фаро мегирад. Қисмати далелҳо дар мавриди дониш аз  «Doubt is the key of knowledge» («Шубҳа донишро тавлид мекунад») оғоз мешавад. Ва онро  марбут ба мардумони мо донистааст. Ин сухан ба тафсир ниёз надорад. Лекин  ба ҳар ҳол, он муқобили кӯр-кӯрона муносибат кардан ба ҳар рӯйдод, ақида, идея, мавқеъгириҳо, аз ҷумла, тафаккури ифротӣ ва хурофотист. Бешубҳа, ҷавҳари илмро донистани решаҳои материалии сабаб ва саволҳои «Барои чӣ? Чаро?» ташкил мекунанд. Китоб ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби мушаххас дорад.

Пешвои миллат дар Паём ба масъалаи китоб хондан, дониш андухтан таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Бо истифода аз имконот ва салоҳияти ҳокимияти давлатӣ супоришҳои қатъӣ медиҳад: «Ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд» (Ҳамон ҷо. − С. 26-27).

Қудрат ва тавоноии фикри инсон баробар ба андозаи китоб хондани ӯст. Яке аз бузургтарин файласуфон ва драманависони олам Дени Дидро (1713-1784) таъкид кардааст: «Фикр кардани инсон қатъ мегардад, агар ӯ китобхониро қатъ кунад».

АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои  ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати илмиву назариявӣ ва ҳам амаливу сиёсӣ, баръало ба чашм мерасад.

Чунин мавқеъгирии собитқадамона маҳсули андеша, хирад донишҳои амиқи таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, давраҳои нав ва навтарини миллати тоҷик, олами мутамаддин ва ҳамзамон бо ин, таҳлили таҷрибаи сиёсии Пешвои миллат мебошад.

Тибқи таълимоти Роҳбари давлат дар замони ҳозира тамоми илмҳо неруи бузурги истеҳсолкунанда доранд. Дар ин маврид илмҳои ҷамъиятӣ истисно нестанд. Зеро тавассути илмҳои гуманитарӣ қонунмандиҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккур таҳқиқ ва барои пешгирӣ кардани равандҳои номатлуб дар ҷомеа сафарбар карда мешаванд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ инкишоф меёбад. Муносибати  мақсадноки  инсон ҳамчун субъекти фаъоли ҷомеа дар сохтан ва таҳкими давлати миллӣ ба таври созанда муайян мегардад.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда мешавад: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» (Ҳамон ҷо. − С. 27).

Дар ҳуҷҷати мазкур, ки маҳсули тафаккури хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон аст, мантиқи ҷаҳонишавӣ, рушди технологияи иттилоотӣ, воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва оқибатҳои фалокатбори он барои ҷомеаи Тоҷикистон хотиррасон мегардад.

Вобаста ба ин, ҳар як узви ҷомеа бояд донад ва ба насли ҷавон фаҳмонад, ки Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ливия,  Афғонистонро бо чашми худ дид. Аз сар гузаронид. Оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз, ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ, то ҳол пурра бартараф нагардидаанд. Даҳсолаҳо лозиманд, то кишвар ин хатои бузурги таърихиро, ки решаи он дар дохили мамлакат, дар аъмоли зиддимиллии намояндагони дастнигару бегонапарасти ҳамин миллат буданд, бартараф созад. Ва ин дарахти сершоху барги анчар, ки мустақиман аз хориҷи кишвар обу ғизо мегирифт, парвариш меёфт, имрӯз ҳам пурра хушк нашудааст ва акси садои хастаи онон мисле, ки аз боғ овози нофорами зоғ садо медиҳад,  ҳоло  ҳам гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасад. Террористони онон ду-ду, чор-чор, ҳар замон нобуд ё дастгир мешаванд.

Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳеҷ як қувваи беруна, агар дар дохили миллат хоиноне пайдо насозад, бо онҳо аз рӯйи ғараз пулу мол надиҳад, кумаку ҳамкорӣ накунад, давлатро ноором ва мардумро бесаранҷом карда наметавонад.

Давлат, миллат мебояд аз лиҳози маънавӣ, дониш, маърифат, худшиносӣ то ба он дараҷае якдил, яктан, якмаром бошад, ки тақдири таърихии ӯ ҳаргиз аз омилҳои берунӣ вобастагӣ надошта бошад. Барои давлати миллӣ таҳдидҳо доимӣ, абадӣ ва беохиранд. Дар шакли ҳар гуна қувва, хатар, намуд, мафкура, шиор, ваъда пайдо мешаванд.

Қудрати халқ дар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад. Зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст.

Шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рӯзу соати ҳаёташ ҷоннисорона барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

Ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар илм, маърифат, огоҳ будан ва тавре Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, донистанҳост. «Ҳама гуна муайянӣ, айниятҳо дар муайян будан ва айниятҳои дигар муайян мегардад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. − М.: Мысль, 1956. − С. 33).

Роҳбари давлат барои он ки фарзандони миллат роҳу равиши зиндагии хешро ёбанд, нақши худро дар ҳаёт аниқ созанд, борҳо бузургворона ҳидоят мекунад: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

Ду даҳсола қабл, замоне ки нооромӣ ва бесуботӣ ҳанӯз дар мамлакат вуҷуд дошт, маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба нашри навбатӣ омода мешуд, шахсан худи ӯ ба ин асар таҳти унвони «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» сарсухан навишт. Он аз чоруним саҳифа иборат аст. Аммо қимати як асари бузургҳаҷмро дорад. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур шуда, ба вартаи гумномӣ қадам мениҳад… ин бадбахтии бузург аст…» (Эмомалӣ Раҳмонов. «Сарчашмаи худшиносии миллӣ». Сарсухан ба китоби Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. − Душанбе: Ирфон, 1998. − С. 1).

Дар рӯзгори таърихие, ки баъд аз нашри китоб гузашт, Пешвои муаззами миллат даҳҳо, садҳо маротиба дар нишасту анҷуманҳои муътабар, сатҳи баландтарин ва суҳбатҳо бо миллати миннатпазири хеш, аз бузургвории қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи ин миллат боифтихор мисолҳо меоварад. Аз корнамоиҳои онон бо эҳсоси баланди ватанхоҳона, ҳамчун намунаи асили рафтори фидокорона ба хотири тоҷикон ва ин сарзамин ёдовар мешавад. Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайравӣ аз кору пайкори онон даъват менамояд.

Аммо мардум медид ва мебинад, ки худи Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо чунин қаҳрамониҳо кардааст ва мекунад.

Дар вобастагӣ бо китоби «Тоҷикон» дар Паём, махсусан, таъкид мегардад: «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

Пешвои миллат бори дигар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун сарчашмаи муътамад ва гаронбаҳои бедории ҳисси миллӣ муаррифӣ карда,  тасмими дурандешонаи худро ба мардуми Тоҷикистон эълом медорад: «Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

Ҳамин тариқ, масъалаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат, бо мавзӯи донистани моҳияти масъала, яъне асли халқи худ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ҳар шахс барои он ки ба ҳақиқати зиндагӣ наздик шавад, онро дарк кунад, бояд собиқаи миллати худро омӯзад ва донад.

Ин талабот ба ҳама, махсусан, барои ононе, ки дар пеши эътиқод, забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, ҷаҳонбинии бегонагон сари таъзим фурӯ меоранд ва дар ҳамин асос омода ҳастанд, ки на танҳо ҳаммиллатони одӣ, балки мисли Абдулатиф падари худ – олими бузурги машриқзамин, амири Самарқанд Мирзо Улуғбекро бо хунсардии ваҳшиёна ба қатл расонанд, дахл дорад. Ҳар касе, ки аз таърихи шашҳазорсолаи миллати хеш воқиф мегардад, ин собиқаро бо фарҳанги бегонагон дар муқоиса гузошта метавонад, дунёро бо чашми хирад менигарад, аз ҷоҳилияти ватансӯзона канор меравад. Барои чунин донистанҳо маъхазҳои илмӣ, далелҳои муътамад, ҳақиқати санҷидашуда зарур аст. Пешвои муаззами миллат ба сифати чунин сарчашма асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро эълон кардааст.

Ин китоб муддати ним аср аст, ки ҳамчун натиҷаи таҳқиқоти далелҳои раднопазири таърихӣ, тавассути методҳои ҳақиқие, ки чунин хулосаҳоро ба бор овардааст, мавриди эътимод, эътироф ва эътиқоди машҳуртарин марказҳои илмии олам эълон гаштааст.

ХУЛОСА

Паёми Пешвои миллат – беҳтарин, мукаммалтарин роҳнамои таҳлилӣ, арзёбии воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ аз лиҳози ҷиддияти назарияи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ мебошад.

Бешубҳа, мақсадҳои иҷтимоие, ки тавассути воситаҳои сиёсӣ халлу фасли худро меёбанд, ба гурӯҳи манфиатҳои сиёсӣ дохил мешаванд. Паём сар то по барномаи мукаммали фаъолияти давлат ба хотири  шукуфоӣ ва рушди миллат аст.

Ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлуҳояш баррасӣ ва тафсир мекунад, сабаб, омилҳои шаклгирӣ ва натиҷаи онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, балки раванди ҳодисаҳоро дар шароити мушаххаси таърихӣ арзёбӣ карда, нақшаҳои муассири рушди умумимиллиро барои ояндаи наздик муайян месозад.

Инкишофи илму маориф, истифодаи самараноки имконот ва захираҳои маънавии шаҳрвандон аз масъалаҳои марказии Паёми Пешвои миллат маҳсуб мегарданд. Он оммаи мардумро барои омӯхтани илм ва маърифатнокӣ даъват мекунад. Тақдири миллатро аз   дараҷаи донишомӯзии ӯ вобаста медонад. Дар баробари аз худ кардани фанҳои гуманитарӣ, таваҷҷуҳи ҷавононро барои ҳарчи амиқтар аз бар намудани илмҳои бунёдии табиатшиносӣ ҷалб менамояд.

Аз мундариҷаи Паём зарурати иродаи қавӣ барои илмомӯзӣ ҳувайдост. Бамақсадрасӣ – маънои ғолиб омадани рӯҳи инсонӣ бар ҷисм аст. Моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо суханҳои Г. В. Ф. Гегел мувофиқ меояд: «Инсон наметавонад табиатро зери даст бигирад, агар худро ба даст гирифта натавонад». Илм омӯхтан, маънои заҳмат кашидан ва ҳаққи худро аз  имконоти табиат ситонидан аст.
Таъкид карда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  рушди илму маориф  нақшаҳои мукаммалро роҳандозӣ намудааст. Тараққиёти иқтисодӣ, ҳамчун натиҷаи он, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар дар кулли самтҳо бо далел ва рақамҳои мушаххас, ба таври эътимоднок нишон дода шудааст.

Аз мантиқи Паём бармеояд, ки дар ин ҳолат, ба таври мутаносиб мувофиқ омадани ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз ниёзҳои зарурии ҷомеаи имрӯза маҳсуб мегарданд.

Мавзӯи марказӣ ва муҳтавои тамоми суханрониҳои Пешвои миллат – пойдорӣ ва тараққиёти устувори иқтисодӣ,  рӯз ба рӯз беҳтар кардани шароити иҷтимоии мардум, мутаносибан, дарки ҳифзи истиқлолияти миллӣ мебошад. Дар амалӣ кардани ин мақсадҳои наҷиб ширкати фаъолонаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ амри зарурӣ дониста мешавад.

С. ЯТИМОВ,
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

№21-22 (23 877) аз 29.01.2020

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз529
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1505
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4355
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36051
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025247

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.