шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Наврӯз  ва  Тоҷикистон

(0 votes, average 0 out of 5)

Наврӯз яке аз  решадортарин ҷашнҳои шаҳригарӣ ва шаҳриварӣ дар ҷаҳони нав ва куҳна аст, ҳангоме, ки сухан аз нав ва куҳна ба  миён меояд, бедаранг зеҳни мо ба сӯйи замон раҳнамун мешавад, мизони санҷиши куҳан ва куҳантар дар зиндагии мардум замон аст, замон тарозуи куҳнагӣ ва навӣ аст, як шабонарӯзро дар дониши рӯзшуморӣ як рӯз меноманд!

Ҳар ҳафта ҳафт шабонарӯз аст аммо мардум онро ҳафтрӯз мепиндоранд, ҳар моҳ 30 шабонарӯз аст аммо онро 30 рӯз медонем ва ҳар сол 365 рӯз ва 365 шаб аст, аммо танҳо рӯзҳои он дар солшумори ёддошт мешавад.... Ҳоло ҳангоме, ки сухан аз ҷашни куҳан ҷашне, ки дар жарфнои сиёҳи рушани таърих баромадааст ва ҳазорон соли пеш барпо шудааст, чигуна мо онро нав медонем!? Гуйё замон дар ин ҷашн, дар ин мантиқ ва дар ин ҷаҳонбинӣ истода, ва ранги куҳнагӣ ба худ намегирад....

Чам ё маънои «Наврӯз»= «Наврӯз» аз ду вожа,  нав ва рӯз сохта ва пардохта шудааст, нав вожае ҳаст авестоӣ ё порсии куҳан, ки дар забони англисӣ ва олмонию испониёӣ ва дигар забонҳо роҳ ёфта ва бо гӯишҳо ва лаҳҷаҳои дигар ба ҳамон сохтори порсӣ бар забонҳо ҷорӣ мешавад ва чам ё маънои он мешуд тару тоза, нав, ҳангоме ки вожаи нав пешванди вожае бинишинад, хабар аз тозагӣ ва падидор шудани он падида медиҳад, монанди «навзод» = кӯдаке ки тоза чашм ба ҷаҳон кушод, чизе, ки тоза сохта  шудааст, «навсоз», «навшаҳр», шаҳре, ки ба тозагӣ бино шудааст. Мо наметавонем, ба мардуми солхӯрда бигуйем навзод, наметавонем, ба абзори фусилшуда бигуйем навин ва наметавонем ба вайронае бигуем навсоз, ҳамчунон ҳангоме ки вожаи нав дар пасванди вожаи дигаре менишинад боз ҳам хабар аз навоварӣ ва нав будан медиҳад, монанди «роҳи нав», « хонаи нав», «рахти нав» ва ё «андешаи нав», дар ин ҷо низ наметавонем даст аз чаму маъно бардорему куҳнаро нав бигуйем, солхӯрдаро навзод, хонаи вайронаро хонаи навсоз ва рахти куҳнаро рахти нав ва ё андешаи пӯсидаро андешаи нав бидонем, агар чунин кунем мо каҷкорӣ ва дажвараштӣ кардаем ва ба оину маниши нав ва навгароӣ зиён расонидем ва данишу хиёнат кардем.

Пас нав худ ситова ва таърифе дорад, чунон ки куҳнагӣ ва пусидагӣ низ чунин аст.

Ин дебоча гуфта шуд то шуморо ба Наврӯз бубарем ба ормоншоҳӣ ва утупиёи (мадинаи фазл) ё ормоншаҳри ориёиёни Тоҷи Каён. Агар мо бихоҳем Наврӯзро ҳамонгуна ки дар вожаҳои боло баррасӣ кардем, бозбини намойем, мебинем нав пешванди рӯз шуда аст ва чаму маънои он мешавад «рӯзи нав», рӯзи нав = рӯзеаст, ки навинтарин рӯз дар дарозои замони гузашта бошад, навзодтарин ҳангомаи замонро наврӯз медонем, пурсиш ин ҷост оё мардуме ки ба наврӯз ва рӯзҳои наву навоварӣ ва оини навин пойбанданд, оё онҳо маниш ва ҷаҳонбинии навгароӣ ва навандеширо боваридаанд?

Ва ё ин ки Наврӯзро дар солномаҳои худашон ҷой медиҳанд аммо бо этиқодҳои пусида ва фусил зиндагӣ мекунанд?

Посухи ин пурсишро барои хиради худатон пас аз нигоҳи гузаро ба кишварҳои Ховари Миёна ки Наврӯзро оғози соли нав мепиндоранд, вогузор мекунам. Ва шуморо савор бар шаҳпари саманди саркаши хаёл ба сарзамини Наврӯз, бистари Наврӯз ва зодгоҳи Наврӯз ҳамоно кишвари вахшуру варҷованди Тоҷикистон мебарем.

Наврӯз ва Тоҷикистони сипанд чунон бо ҳам омехтаанд, ки монанди ном ва номи хонаводагии касе ба шумор мераванд. Тоҷикистони сутург ва зулолу ин моми меҳани пок дар бартарин ҳангомаҳои пурфарозу нишеби таърихии худ ҳамора ба монанди обҳои Вахшу Панҷ роҳи худро дар санглохҳо меёбаду пирӯзмандтар аз ҳамеша пеш меравад.

Истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 як дигаргунӣ ва навфарҳангӣ дар кишварҳои порсизабони Ховари Миёна буд. Дар ин доварӣ килк ё қалам бе он ки аз навиштаи худ бим ва шарм дошта бошад бо сарфарозӣ ва фарзомӣ хустуи ва эътироф мекунанд, ки Наврӯз ба меҳркорї ва хешёрии давлат ва мардуми навдӯсту навпардози Тоҷикистони ҳашт миллионӣ дар густураи беш аз дусад миллион форсизабон, зинда ва парварда шуд. Саранҷом пас аз 1400 сол Наврӯз ба меҳрандешӣ ва меҳркории давлат ва мардуми фарзоми Тоҷикистон ҷаҳонӣ шуд.

Шоиста аст ба ин навмадорӣ ва ин пирӯзии навин барои ҳамаи озодазодагон дуруду сано ва офарин гуфт.

Имрӯз ҷашни Наврӯз ва бар пояи шукӯҳманд  ва хиракундаи ин ҷашн дар Тоҷикистони меҳрманд барои мардуми форсизабонон фаротар аз як расм рафта аст ва ранги як оин ба худ гирифта аст. Наврӯзгоҳи Тоҷикистон барои миллионҳо тоҷики пушти марзҳои ҷуғрофиёӣ мазҳабу сиёсат як макони муқаддас аст ва расми фараҳманд. Ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон як маниши ҳамгироӣ, куниши ҳамнавоӣ, равиши ҳамаъноӣ, ҷунбиши ҳамовоӣ, биниши ҳамандешӣ, расоиши ҳамбастагӣ ва фармоиши ҳамзистӣ дар густураи кишварҳои ҳамфарҳанг ва фаротар аз он чанд пораи ҷаҳон аст.

Ҳар сол ба посдошти Наврӯз «Давлати навбунёд» ва  навманишу навандеши Тоҷикистони сипанд бинобар андешаи навгароӣ ниёи хеш, «Ҷамшеди Ҷам» ин Хадиви (Подшоҳ) навандеш дар остонаи Наврӯз фарохони ҷашни Наврӯзро фармон медиҳад. Мардумонро аз сарзаминҳои дуру наздик ба меҳргоҳи Наврӯз мехонад, меҳмонони ин ҷашни бузӯрг ҳама дар дидаи меҳр ҷой доранд, давлатмардону ҳунарварону суханварон ва мардуми омӣ ҳама ва ҳама дар ин ҷашн анбозу шариканд, ва ҳар кадом ба фарохӯри тавонои хеш ин оини бузурги ориёиро арҷ мениҳанд.

Дар оини начандон дур гувоҳи он хоҳем буд, ки давлат ва мардуми меҳрубон ва меҳркеши Тоҷикистон ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро ба Наврӯзгоҳи худ меҳрхон мешаванд, фарохонии Наврӯз аз суйи давлат ва мардуми Тоҷикистон доираи ҳамбастагӣ ва чамбару ҳалқаи гумшудаи оини Меҳр ва дустӣ ва ҳамзистӣ меҳромези мардумӣ аст.

Ормони ниҳоии ин ҷашни бузург чунин аст:

Ҷашн ба ҷойи ҷанг

Шодӣ ба ҷойи ношодӣ

Дод ва адолат ба ҷойи бедод

Хушӣ ва хурамӣ ба ҷойи андуҳ ва ситам

Худбоварӣ ба ҷойи худозорӣ

Ва озодӣ ба ҷойи бандӣ ва бандагӣ аст

Ва дар поён раҳои ба ҷойи нажанг ва қафасу дамиш пагоҳи раҳоиш аст.

Наврӯз ва наврӯзгорӣ дар дидаҳои давлат ва мардуми навандеши Тоҷикистон танҳо ба моҳи фарвардин ва ду ҳафтаи нахусти баҳор ва барпойии ҷашни Наврӯз басанда нашуд ва поён нагирифт, басо ин маниши Ҷамшедӣ ва Каёнӣ ба навсозӣ гароида шуд ва фарҷоми ин меҳркорӣ ба созиши падидаи шигифтовар ҳамоно «Кохи Наврӯз» анҷомид.

Наврӯз аз гоҳи Ҷамшедшоҳ оғоз шуд ва имрӯз дар Кохи Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистони варҷованд (муқаддас) замонавӣ гардид. Кохи Наврӯз пиндорҳои таърихшиносони ҷаҳонро пиромуни фарҳанги ориёӣ бо андешаву биниш пайванд зад.

Мардумони тоҷик ба нармӣ ва зулолӣ об ҳастанд, ва ба сахтию устувории сахраҳою сангҳои кӯҳистонҳои ин кишвар.

М. Меҳрофарин

13,03,2020

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз438
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1505
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4264
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35960
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025156

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.