шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисобот оиди иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Истиқлол дар семоҳаи аввали соли 2020

(0 votes, average 0 out of 5)

Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол оиди натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020 ҷиҳати пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо, ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда, маблағгузории саривақтии хароҷотҳои аввалиндараҷа, назорати истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, якчанд чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар марҳилаи ҳисоботи иҷроиши қисми даромади буҷет ба ҳолати 1 апрели соли 2020 нақшаи аниқшудаи даромади буҷети умумии шаҳр (контингент) (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,0 фоиз иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 3802,0 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 0,5 ҳазор сомонӣ зиёд, буҷети маҳалли бошад 108,1% иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 2946,7 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 220,5 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр иҷрои нақшаи воридот бо таври умум бе баҳисобгирии андози иҷтимоӣ бо пуррагӣ иҷро гардида аз ҳисоби 10 сарчашмаи нақшавии даромади буҷет 9 намуди даромад иҷро гардида 1 намуди андоз яъне андоз аз даромад иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб дар семоҳаи аввали соли 2020 ба буҷет умумӣ ба маблағи 361,8 ҳазор сомонӣ аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 117,7 ҳазор сомонӣ ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ 244,1 сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳиссаҷудокунии андозҳо байни буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз се намуди андоз ҳамагӣ ба маблағи 855,3 ҳазор сомонӣ аз ҷумла: андози даромад (67 фоиз ҳиссаҷудокунӣ) 390,4 ҳазор сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда (50 фоиз ҳиссаҷудокунӣ) ба маблағи 186,2 ҳазор сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (100 фоиз ҳиссаҷудокунӣ) ба маблағи 278,7 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра барои руйпуш намудани моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷети вилояти мусоидати молиявӣ ба маблағи 318,0 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 66,7% ҷудо гардида пурра мақсаднок барои моддаҳои ҳимояшаванда хароҷот карда шуда, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2020 ба андозаи 99,6% фоиз ё ба маблағи 3897,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи аниқшуда 20,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш буда ба соҳаҳои мазкур ба ҳолати 1 апрели соли 2020 ба маблағи 2802,0 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 71,9 фоизи хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар шаҳри Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ Протоколи тендерӣ №445987 аз санаи 19 марти соли 2020 барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии шаҳр ба маблағи 183,0 ҳазор сомонӣ дархост пешниҳод карда шуда дар озмун ҶСП “Медкомплекс” барои дастраси таҷҳизот бо маблағи 175,7 ҳазор сомонӣ ғолиб дониста шуда дар марҳилаи ҳисоботи дар асоси шартнома 60% маблағ 105,4 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Оиди мониторинги ҷоӣҳои холии корӣ ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳри Истиқлол ба ҳолати 1 апрели соли 2020 ҳамагӣ шумораи умумии воҳидҳои кории тасдиқшудаи муассисаҳои буҷетӣ 808 ададро ташкил намуда, воҳидҳои кории ишғолшуда 732 адад ва воҳидҳои холии корӣ ҳамагӣ 76 адад бо музди маоши сарфа 57,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, воҳидҳои холии корӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 5 адад сарфаи музди маош 3,7 ҳазор сомонӣ дар соҳаи маориф 4 адад бо сарфаи музди маош 2,2 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи тандурустӣ 64 адад бо сарфаи музди маош 49,7 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва варзиш 1 адад бо сарфаи музди маош 0,7 ҳазор сомонӣ ва дар маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ 2 адад бо сарфаи музди маош 1,2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Минбаъд Раёсати молия бо ҳамкорӣ Нозироти андоз ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри сифатнок ва барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷети шаҳр, корҳоро ҷоннок намуда, тамоми қувваро дар ин самт пурзур менамояд.

Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз73
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4663
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36359
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025555

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.