шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Андеша

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Дар шароити имрӯза, ки ташаккули равандҳои гуногуни сиёсӣ, «бозиҳо»-и абарқудратҳо ва махсусан таҳдиди бемории «СOVID-19, ки ҷони беш аз 250 ҳазор нафарро дар ҷаҳон рабудааст ва дар кишвари мо низ аз ин беморӣ беш аз 25 нафар фавтиданд баъзе равандҳои дигар аз қабили фаъол гардидани гурӯҳҳои ноҷур ва таҳқиру буҳтонҳо бар вазъи ба миён омада таваҷҷуҳи инсонро ба худ мекашад.

Истифода аз ин вазъият, нохун задан ба афкори ҳассоси мардум ва аз ин баёни «даъват»-и мардум ба балво ноҷавонмардист ва ин маврид ёдам меояд, ки Г. Белинский гуфтааст: “Барои табиатҳои пасттар ҷиҳати интиқом додани андешаҳояшон бо роҳи партофтани ифлосии нуқтаи назар ва андешаҳои бад заруртар амале нест ва ин нуқтаи назарро онон мутаассифона муқаддас ва бузург меҳисобанд”.

Ба ҳамин хотир, моро зарур аст, ки на барои ошӯби мағзӣ бо ин нохалафон, балки ба ҷомеа дурустии вазъро бояд фаҳмонем ва дар ин миён гуфторе ҳам кор диҳад - чун саг маро газад ман ин ҳайвонро нахоҳам газид, зеро ин рафтор нооқилона аст ва баръакс барои муолиҷа кӯшиш менамоям то саломатии хешро хуб намоям.

Махсусан аксаран вақт суҳбати гурӯҳҳои нохалафро мебинӣ ва ва андешарониҳояшонро мешунавӣ боис ба оне мешавад, ки танҳо ба онҳо аҳамият намедиҳӣ ва гомҳои устуворро ба пеш меандозӣ. Бешак ба онҳо мубоҳиса кардан низ нашояд, зеро фаҳмишу дарки онон, чуноне, ки Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст, зеҳни инсонро хароб ва кунд месозад. Марк Твен низ фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ бо аблаҳон мубоҳиса накунед, зеро Шумо ба сатҳи онҳо меравед ва ақидаҳои шуморо муҳокимаҳои ин тоифа несту нобуд мекунад”. Ман инҷо нуктаи назарро ба хотири он нагуфтам, ки дастҳо кушода нишинем то бар сари мо бароянд, вале мубориза ба таври баръакс, яъне бо онон не, балки бо мардум сару кор гирифтан лозим то мағзи мардумро нашикофанд.

Дида истодаем, ки дар хориҷи кишвар ин тоифа даст аз ҳизби террористии наҳзат шустанду паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилотҳо таъсис доданд ва ҳамарӯза бо барангехтани кинаву адоват нисбати роҳбарияти азизи кишвари мо ҳамагӣ дарафтодаанд. Гуё мақсадашон “дилсӯзӣ” ба миллат аст. Асло не! Ҳокимиятро ғасб кардан ва ахиран ба миён овардани таҳаввулот аст, ки мо дарси зиндагӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтаем, ки таъсираш кунун низ мондааст. Ба ҳамин хотир хонандагони азиз бояд донем, ки ин тоифа мақсади хароб кардану худ кайфияташ диданро доранд, ки ноҷавонмардона аст. Ин гуна одамонро А. Балзак чунин гуфтааст: “Одамоне ҳастанд, ки ба сифр монанданд ва ҳамеша барои зиёд шудан пеш ё паси дигар арқом ҷой мегиранд”, ки дар ҳақиқат чунин аст. Фалсафаи ин афрод ва гурӯҳҳо аз азал чунин буд ва мемонад, ки пушти абарқудратҳо ва манфиатхоҳон руст мешаванд.

Инҷо мехоҳам қайд намоям, ки агар ба маводу мақолаҳо ё наворҳои ин гурӯҳҳо бингаред, дар бештар вақт аз иқдомҳои шоистаи мо ҳарфи муқобил мезананд. Пешаи худ медонанд ба боварии мардум тариқи ин хабарҳо ва туҳматҳо ворид шаванд, бештар вақт ба мағзи инсонҳо дар ҳозира замона воҳимаҳо кор мегиранд ва фалсафаи фаъолияти ин тоифаро мехостам бо гуфтаи Ҷ.Свифт муайян намоям, ки он чунин аст: “Кирмҳо бештар одати ҳуҷум ба меваҳои ширин ва беҳтаринро доранд”, ки ҳамин аст.

Аҷибаш он аст, ки аксари суҳбатҳои ин афрод пуч аст ва танқидашон аз хости худашон нест, аблаҳакеро баландгӯяк медиҳанду ба навор мегиранд ва ба ҷайбаш чизе мехаланд, ки бояд боз ояд, баромадҳо ба наттоқон ва дониши онон мувофиқ нест ва бо ғазаб сухан мегӯянд, ки хоси донишмандон нест. Дар ин миён моро мебояд, ки муттаҳид шавем ва арзишҳои миллию давлатиамонро ҳифз намоем.

Дар масъалаи бемории COVID-19, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст ва бахусус дар кишвари мо, ки гирифторонаш ҳастанд, сар карда аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизи Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот чораҳои муассир андешида шуда истодаанд ва итминони комил дорем, ки ин беморӣ низ бо хости Яздони пок рафъ хоҳад шуд.

Баъд киҳо мемонанд бо буҳтону балвову дигар хостаҳои манфурашон, худатон медонед.

М.Ниёзов

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1415
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1057
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5479
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22142
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4050627

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.