шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ИСТИҚЛОЛ ДАР ОҒӮШИ НАВРӮЗ

(0 votes, average 0 out of 5)

Субҳи 21-уми марти соли равон Маҷмааи варзишии шаҳр бо худ ҳусни наву тоза дар бар карда буд. Дохили Маҷмаа сокинони шаҳр бо нерӯи наву тоза тантанаи наврӯзиро интизор буданд. Растаҳои наврӯзӣ аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ва кумитаи маҳаллаҳо бо ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии мардуми маҳаллӣ ва хонандагону донишҷӯён ороста шуда буд, ки ба ин ҷашн ҳусни наврӯзӣ мебахшид.

 

Сараввал дар қабулгоҳи раиси шаҳр меҳмонон - раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Шарифзода Фирдавс, ки барои ширкат дар тантанаҳои наврӯзии шаҳр омдада буданд ба як нафар фаъоли шаҳр, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи тандурустии шаҳр кору фаъолият дорад, аълочии соҳаи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ Раҳмонбердиев Абдуғаффор туҳфапулии раиси вилоят муҳатарм Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим намуданд.

 

Сипас раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва меҳмонон ба Маҷмааи варзишӣ, яъне ба макони баргузории тантанаҳои наврӯзии шаҳри Истиқлол ташриф оварда, аз растаҳои ташкилнамудаи корхонаву муассиса ва кумитаи маҳаллаҳо дидан намуда, ба ҳунари баланди сокинони шаҳр баҳои баланд доданд. Хонандагону донишҷӯён дар растаҳо шодон дар васфи Наврӯзи хуҷастапай шеъру таронаҳо қироат карданд. Растаҳо бо ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, асбобу лавозимотҳои қадимаи миллӣ оро дода шуда буд.

Баъдан Худойназар Амонзода ва меҳмонон ба саҳна даъват шуданд.

Сароғоз Раиси шаҳр Худойназар Амонзода дар баромади хеш кулли сокинони Истиқлолро ба ин иди аҷдодӣ табрик гуфт. Худойназар Амонзода иброз дошт, ки имрӯзҳо мову Шумо баҳори бистуҳафти давлатдории мустақилона ва ҷашни бузурги худ-Наврӯзро бо шукру сипос аз сулҳу амният ва ваҳдати милливу муттаҳидии мардум ҷашн гирифта истодаем. Ҳамчунин қайд намуданд, ки ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон Наврӯзро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем. Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд.

Баъди анҷоми табрики раиси шаҳр раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода баромад намуда, табрики хешро бахшида ба Наврӯзи Аҷам ба самъи ҳамагон расонид. Сипас раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Шарифзода Фирдавс табрики раиси вилоятро бахшида ба ин ҷашни бузург қироат намуд.

Ба 20 нафар фаъолон аз корхонаву муассиса ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмонон супорида шуд.

Барномаи консертии аз ҷониби ҳунармандони шаҳр омодагашта табъи ҳамаро шод намуд.

Дар ҳақиқат, таҷлили Наврӯз ҳамчун арзиши суннатӣ барои боло бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги мардуми мусоидат менамояд.

М.Ниёзов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз832
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2006
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3402
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9591
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27527
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4056012

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.