шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ҚАРОРИ Раиси шаҳр аз 4-уми апрели соли 2018, №62 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(0 votes, average 0 out of 5)

Мутобиқи моддаи 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”, ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 қарори Раиси вилояти Суғд таҳти № 89 аз 14-уми марти соли 2018 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нусха аз протоколи маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, №14, қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, №51 ва бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Аз санаи 1 марти соли 2018 дар шаҳр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон карда шавад.

 

2. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои баргузории Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фароғатию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин тоза кардани маҳалли зист аз партовҳо, бо назардошти гузаронидани ҳашарҳои умумихалқӣ бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва шаҳрвандон чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҳар семоҳа ахборот ирсол намоянд.

 

3. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Истиқлол” доир ба дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни мазкур маводу барномаҳои ҷолиб омода ва нашр намоянд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода, муовини раиси шаҳр Н.Комилзода ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ф.Каримзода гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр

Худойназар Амонзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1074
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1395
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5568
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ30257
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4058742

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.