шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Худойназар Амонзода: Дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии ятимону бепарасторон ва оилаҳои эҳтиёҷманд мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии мост

(0 votes, average 0 out of 5)

Боиси ифтихору сарбаландист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш дасти некӣ дароз кардан ва таваҷҷуҳ ба наврасони ятиму бепарасторро дар ҷойи махсус қарор додаанд ва ин амали ғамхоронаи ин фарзанди фарзонаи халқу миллат нишона аз инсондӯстии эшон аст.

Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ҳам медонем, нафароне ки саховатпеша буданд ва дасти хайру сахо ба насли инсон дароз мекарданд назди мардум соҳибэҳтиром буданд, зеро бо иҷрои чунин амалҳои нек эътимод ба нафари саховатпеша зиёдтар мегардид ва мардум ин амали некро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекард ва имрӯз низ фаромӯш намекунад. Бузургон низ фармудаанд, ки некӣ ҷовидона дар ҷойгоҳи ботинии инсон боқӣ мемонад.

 

Дар ҳама сафарҳои кориашон ба ин ё он шаҳру навоҳии кишварамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ба дидори ятимону бепарасторон мерасанд. Бахусус маросими тақдими туҳфаҳо ба 150 нафар ятимони кул аз ҷониби Пешвои миллат, ки ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Наврӯз санаи 29-уми марти соли равон ташкил шуда буд боиси ифтихору сарбаландии сокинони вилоят гашта буд. Дар ин чорабинӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамчунин қайд гардид, ки марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

 

Воқеан дар он рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сару либос, пойафзол, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таври ҳамешагӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат кӯмак менамояд.

Дар давоми семоҳаи аввали соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша барои дастгирии ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва маъюбон ба 100 нафар ба ҳар яке кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 27 ҳазору 500 сомонӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин ба 26 нафари дигар аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

Имрӯз тамоми дастгириҳову кӯмак ба шаҳрвандон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда истодааст ва оянда низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол барои дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманд кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз375
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1505
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4201
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35897
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025093

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.