шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Аз таърихи қалъаи Каппатепа, ки дар шаҳри Истиқлол замоне қад афрохта буд

(0 votes, average 0 out of 5)

Ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол

Ин қалъа мувофиқи дарёфти бостоншиносон (корҳои бостоншиносӣ дар ин қалъа дар солҳои 1985-86 аз ҷониби олимону бостоншиносон аз институти таърих,бостоншносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шудааст) дар баромади деҳаи Тақмоқ (имрӯза маҳаллаи Меҳнатобод) сохта шуда, пеш аз асрҳои миёна фаъол будааст. Маводҳои аз ҷониби бостоншиносон аз ин каппа ёфташуда ба асрҳои 5-8 милодӣ санагузорӣ карда шудаанд.

Бино ба маълумот ва ривоятҳои сокинони маҳаллаи Меҳнатобод зери ин қалъа деги чилгӯша мавҷуд будааст, ки барои мардуми деҳаҳои гирду атроф хӯрок омода мешудааст. Дар дигар қалъаҳои Осиёи Миёна суҷаи чунин дег аз нақли мардум гирифта шудааст.

Дарёфтҳои аз ҷониби бостоншиносон аз ин мавзеъ маълум менамояд, ки қалъа дар пеш аз асримиёнагӣ мардуми гирду атрофро ба худ ҷалб кардааст. Масалан хумҳои бузург барои гирифтани озуқа ва дигар намуди онҳо, ки аксар ба тухм монанд будаанд. Маводи дигари ёфташуда ин боқимонади тағораҳо мебошад, ки аз қалъа се адад дарёфт карда шудааст, ки боқимондаи ду ададаш сафолӣ мебошанд. Якчанд намуд дегҳо низ дарёфт карда шудааст. Чойникҳо ин намуди бозёфтҳое мебошад, ки рафти кофтукови бостоншиносӣ кам ба назар мерасад, вале аз Каппатепа як адад чойники баландиаш 15 см ва як адади дигар боқимондаҳои чойник дарёфт шудааст.

Дигар аз бозёфтҳо аз Каппатепа ин обдон мебошад, ки шаклаш кулула буда, даҳонаш хело танг аст ва ду даста дорад. Ҳамзамон дар қалъаи Каппатепа якчанд намуди кӯзаҳо дарёфт карда шудааст, ки қисмашон шикастаанд. Шоҳкосае, ки аз ин мавзеъ дарёфт карда шудааст аз дигар чунин бозёфтҳо аз дигар қалъаҳо бо хати дар миёнааш кашидашуда фарқ дорад. Ин шоҳкоса аз сафол сохта шуда, ранги сурхи баландро дорад. Ҳамзамон боқимондаҳои як адад ҷом дар ин мавзеъ пайдо карда шуд.

Ашёи таъиноти махсус

Сарпӯш- ду намуди ин ашё аз Каппатепа ёфта шуд. Якумаш дастаи бардорандаи ғафс дошта, ранги қаҳвагӣ дорад. Дуюм намудаш махрутшакл буда, аз гач сохта шудааст ва барои пӯшонидани даҳони ашёҳо истифода мегардида.

Чароғ ин намуди ашёҳо барои равшан намудани дохили ҳуҷраҳо истифода мешудааст.Як намуди аҷиби чароғҳо аз ҳуҷраи №4 Каппатепа ёфт шуд. Ин чароғ ба кӯзача монанд буда, сарпӯши васеъ дорад. Дар миёнаи сарпӯшаш сӯрохӣ бо диаметри 1см ва дар ду тарафи сарпӯш ду сӯрохии дигар барои овехтани чароғ сохта шудааст.

Ҳамзамон ҳайкалчаи сафолии асп дарёфт карда шудааст, ки бо рахҳо болои он зин ва дигар анҷомҳо кашида шуда.

Ашёҳои сангӣ

Аз даруни ин тепа ҳамчунин бостоншиносон зарфҳои аз санг сохташударо ба монанди уғур, санги ярма, санги тезкунаки ашёҳои буранда, ҷавоҳирот ва сурмадонро дарёфт кардаанд. Ҳамзамон тахтаи сангӣ ва сурмамоли сангӣ ки барои ранг ва оро намудани қошу миҷа истифода мешудааст аз ин мавзеъ дарёфт карда шудааст. Бештари чунин ороишот аз қабрҳо дарёфта шудааст.

 

Ашёҳои аз гач сохташуда

Сандалии аз гач сохташуда бостоншиносонро ба ҳайрат оварда, ки се поя дорад, яъне секунҷа, пояҳо ба баланди 3-4 см буданд ва дар ошёнаи якуми ин қалъа дарёфт шудаанд. Ин сандалиҳо ҳамчун тагмонак дар асрҳои 5-8 милодӣ истифода мешудаанд.

 

Ашёҳои шишагӣ

Аз ин мавзеъ косаҳо, ҷомҳо, круҷкаҳо, кӯзаҳо, гулобдонҳо ва ғайраҳо дарёфт карда шуда, ранги кабуд, ширӣ, сиёҳ, осмонранг ва ботлоқрангро доранд.

 

Ашёҳои аз фулузот сохташуда

Ба ин намуди ашёҳои аз ин мавзеъ дарёфткардашуда асбобҳои аз фулузот сохташуда маҳсуб меёбанд. Аввалан 14 адад пораҳои оҳан ва ҳамчунин ашёҳои аз биринҷ омодашуда ёфта шуд. Аз ҳуҷраи № 3 як адад тешаи аз оҳан сохташуда дарёфт шудааст. Чор адад корд, ки дастаашон аз чуб ва устухон сохта шуда аз ин қалъа бозёфт гардидааст. Ҳамзамон либоси ҷангӣ, яъне ҷавшан як адад, қисми кулоҳ ва ашёи ороишдиҳӣ, сими нуқрагӣ, зангула, мех, қошуқи биринҷӣ, қубурчаи бирнҷӣ бо дарозии 10 см, чархи металӣ, ду шикастапораи оинаи биринҷӣ ва кулулаи занҷири оҳанӣ низ ёфта шудааст.

 

Тангаҳо

Аз ҳама қимматбаҳотарин маводҳои ёфтшуда (бостоншинос Д. Даутов) аз Каппатепа ин тангаҳои нуқрагӣ мебошанд, ки аз ошёнаи дуюм дарёфт карда шудаанд, ки ҳама якхела мебошанд. Дар як тарафи ин тангаҳо сурати нимтанаи ҳоким дар сараш тоҷ мебошад.Дар пешорӯи ҳоким бо хати арабӣ навишта шудааст “Ал-маҳдӣ…..” ва дар болои сараш бо хати суғдӣ. Дар дигар тарафи танга қурбонгоҳ бо оташ ва сари Аҳурамаздо кашида шудааст.

 

Матоъ

Ҳангоми тоза намудани ҳуҷраи №5 якчанд пораҳои матои пахтагии беранг дарёфт шудааст, ки масоҳаташон 6-8 см мебошад, ки дар асрҳои 7-8 рост меояд. Аз рӯ ин бозёфтҳо маълум мегардад, ки мардуми ин маҳал ба заминдорӣ, чорвопарварӣ, кишоварзӣ ва канданиҳои кӯҳӣ машғул будаанд.

Қалъаи Каппатепа бино ба маълумоти торихшиносон аз ду ошёна иборат будааст ва ошёнаи якумаш ҳифз карда шудааст. Қалъа чоркунҷа будааст ва чор манора доштааст. Ошёнаи якуми ин қалъа барои хидматгорон сохта шуда, ҳамчунин таҳхона, ошхона дар ин ошёна қарор доштааст. Роҳ тариқи пағна, яъне норбон ба ошёнаи боло сурат мегирифтааст. Тибқи маълумоти олимон дар ошёнаи якум се ҳуҷраи омодабошӣ ва зисти хидматгорҳо будааст.

Дар деворҳои (2,4м) қалъа кодокҳоро дидан мумкин аст, ки баъзе барои равшаидиҳӣ , ҳаводароӣ ва баъзе барои тирпарронӣ истифода мешудаанд.

Аз рӯи омӯзиш маълум мегардад, ки ин қалъа дар асрҳои 4-5 милодӣ ҳамчун истироҳатгоҳ ё хонаи истиқоматии ҳокими ҳамин мавзеъ бо оилааш ва хидматгорҳояш сохта шудааст. Дар умум дар Каппатепа 18 ҳуҷра мавҷуд будааст ва дар 7-8 ҳуҷрааш сокинонаш истиқомат мекардаанд. Тибқи тадқиқот дар ин қалъа 20-25 нафар зиндагӣ кардаанд.

Тарҷумаи М.Ниёзов

аз рисолаи Н.Т. Рахимов “Из истории материальной культуры Таджикистана (Замок Каппатепа)”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз715
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1093
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3814
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ28503
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4056988

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.