шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Онон низ узви комилҳуқуқи ҷомеаанд

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар кишварамон Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафарони маъюб аҳамияти махсус дода мешавад ва ин нафарон чун узви фаъоли ҷомеа дар раванди пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳм доранд ва нисбати ҳаёту фаъолият ва тадриси онон чораҳои муассир андешида шудааст.Дар ин шумора доир ба ин нафарон баъзе суханҳову масалҳоро тариқи тарҷума рӯи чоп овардем, ки пешкаши хонандагон мегардонем.

 

Нақл аз гуфти маъюбе:

 

Як рӯз аз мағоза баромада ба хона мерафтам, ногоҳ аз пасам ду духтарчаи 14-15-сола чун ман мазоҳкунон роҳ мерафтанд. Дидам ин ҳолатрову бисёр андӯҳгин шудам, гиря гулугирам кард, вале нафаре пайдо шуду ононро сахт мазаммат кард, шукр, ки дар ҷомеа чунин нафарони солим ҳастанд.

Гуфторҳо:

Шумо фикр мекунед, ки одам дар аробаи маъюбӣ ягон муамморо ҳал карда наметавонад? Хато кардед, зеро пушту паноҳи онон як қувваи бузург-давлат аст.

Ягон инсон дар зиндагӣ аз беморӣ озод нест, дар ҳоли маъбон нахандед, зеро дар ҷойи ӯ шумо буданатон ҳам мумкин аст.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ иштироки фаъолонаи маъюбонро мебинаму андеша мекунам,ки маъюб ман ҳастам, зеро ба варзиш машғул нашуда истодаам.

Автобус пур аз маъюбон

Як рӯз бо кӯдаки хурдсолам ба автобус даромадам. Ҷойҳои нишаст банд буд. Аксар ҷавонон нишаста буданд. Пиразани тақрибан 70 -сола ҳам дар қатори ман рост истода буд. Ногоҳ аз миёни издиҳоми нишаста нафаре дар даст асои маъюбӣ бархосту ба пиразан таклифи нишастан кард, пиразан ба ӯ меҳрубонона гуфт, ки писарам,охир ту маъюб ҳастӣ, нишин дар ҷоят. Ин ҷавон гуфт:

- Модар, нишин дар ҷойи ман, ман маъюб нестам, балки нишастагон маъюб ҳастанд. Ҷавоби ин ҷавон барои ман то ҳол аҷиб аст. Дар ҳақиқат, мо инсонҳои солим баъзе вақт рафторе мекунем, ки маъюб ин кирдорро ба худ раво намебинад.

Онон нафароне ҳастанд, ки ба оянда умеди зиёд доранд. Мутассифона гоҳе мешавад, ки бархе аз мо солимҷисмҳо бо пайдо шудани каме муаммо мехоҳем аз ҳаёт даст кашем. Айб аст!

Аз тарҷума М.Ниёзов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1050
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2006
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3620
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9591
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27745
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4056230

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.