шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

«Решаҳои ноаён» - баёнкунандаи афкори носолими наҳзатиҳо

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 11 июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбии техникии шаҳр тамошои филми “Решаҳои ноаён” бо ҷалби 80 нафар хизматчиёни давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, қишрҳои фаъол, аҳли зиё ва ходимони дини шаҳри Истиқлол ташкил ва баргузор карда шуд, ки худ низ ширкат доштам.

Инсон пас аз тамошои филми мазкур хулосаҳои зарурӣ бароварда барои пешгирӣ намудани ҷавонону фарзандон аз ин вабои аср, яъне терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам вусъат мебахшад.

Лозим ба қайд аст, ки таассуф ва пушаймониҳои “қаҳрамон”-и ин филм, яъне Қиёмиддини Ғозиро дидан карда, кас дар ҳайрат мемонад. “Генерал”-и мардуми чун гурги тирхӯрда аз рафторҳои ношоистаи худ ва ҳамҳизбонаш, ки боиси марги ҳазорҳо нафар ҳаммиллату ҳамватани худ гардидааст изҳори нигаронӣ карда, ҳизби наҳзатро хатокор, фирефташуда ва хиёнаткор ҳисобид.

Пас маърифати Ғозӣ дар куҷо буд, ки то имрӯз даст ба амалҳои тундгароёна зада, зидди ҳуқуқҳои инсонҳо мубориза бурдааст. Нақшаи вайрон сохтани фазои осоиштаи ҳаёти мардум, ки ибодату тоат дар он хубтар ба роҳ монда шудааст дар маҳаки асосии фаъолияти наҳзатиҳо собит аст, пас ақл бовар мекунад чунин “панду насиҳат”-ро, ки аз наҳзатиҳо мешуниданду имрӯзҳо мешунаванд, ба ҷуз нафарони гумроҳ. Ҳаргиз на!

Дар навор роҳпаймоиҳои наҳзатиҳо таҳти талафузи якҷояи онон зери шиори саллу ало Муҳаммад, Вилоятӣ хуш омад аҷиб андешае дорам. Инҷо дуруст бояд мехонданд ва ба ҷойи “Вилоятӣ хуш омад” бояд шакли дурусташ “Вилоятӣ пул овард” хонда мешуд, ки дар асл ахиран собит шуд, ки бо пулҳои оғоҳо наҳзатиҳо чӣ амалҳоро болои мардуми бечора таҳмил карданд.

Солҳо мегузаранд ва ин рафтору кирдорҳои наҳзатиҳо оҳиста-оҳиста фош мегардад, зеро ҳақиқат дар ҳама давру замон болои ҷоҳиливу гумроҳӣ ва зулм дастболост ва бар он андешаем, ки навори мазкур идома ёбаду парда аз болои амалҳои пасипардагии наҳзатиҳо бардошта шавад.

Дар умум навори “Решаҳои ноаён” барои бори дигар ҳушдор додани сокинон ва алалхусус ҷавонон аз рафторҳои ноқонунии наҳзат ва аъзоёнаш мусоидат менамояд.

Х. Гулов,

и.в. мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана

ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шаҳр

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз244
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4834
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36530
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025726

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.