шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Қарори раиси шаҳр аз 18-уми июни соли 2018, таҳти №152 “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр”

(0 votes, average 0 out of 5)

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд №226 аз 30.05.2018 “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ва бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр,

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

1. Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ моҳҳои июн- ноябри соли 2018 гузаронида шавад.

 

2. Низомнома ва ҳайати гурӯҳи кории ташкил ва гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр таъсис ва тасдиқ карда шавад.

 

3. Ба шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши шаҳр, муассисаи давлатии рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” супорида шавад, ки барои тарғиб ва ҷалби фаъолонаи ихтироъкорон ва навоварони ҷавон ба озмун силсилаи тадбирҳоро амалӣ намоянд.

4. Гурӯҳи корӣ вазифадор карда шавад, ки натиҷаҳои озмунро то санаи 20 сентябри соли 2018 ҷамъбаст намуда, хулосаи худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод намоянд.

5. Ба роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр супорида шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷоти дастгоҳи Раиси шаҳр дар соли 2018 пешбинишуда, баҳри мукофотонидани ғолибони озмун маблағ ҷудо намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр Шарифзода А.А., Комилзода Н.Р. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр А. Шарифзода гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр         Худойназар Амонзода

 

Тибқи Низомномаи қарори мазкур барои ихтирооти беҳтарин чунин мукофотҳо муайян карда мешавад:

-Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

Ҷои аввал - 500 сомонӣ;

Ҷои дуюм - 300 сомонӣ;

Ҷои сеюм - 200 сомонӣ;

-барои донишҷӯён ва олимони ҷавон:

Ҷои аввал - 700 сомонӣ;

Ҷои дуюм - 500 сомонӣ;

Ҷои сеюм - 300 сомонӣ.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз217
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1956
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6237
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22900
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4051385

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.