Печать

Аёдати собиқадорон

(0 votes, average 0 out of 5)

Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Очилзода Олимҷон ба дидорбинии якчанд собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд.

Рафти дидорбинӣ бо собиқадори соҳаҳои гуногун қайд карда шуд, ки ояндаи низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ба ин табақаи соҳибтаҷриба таваҷҷуҳи хешро равона хоҳад кард.

Бахшида ба ин санаи муҳим бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 30 нафар иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, оилаҳои фарзандашонро дар сохти конститутсионӣ гумкарда, иштирокчиёни садамаи Чернобил  ва оилаҳои маъюбдошта аёдат карда шуда, маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

Share