Печать

Ваҳдати миллӣ-муқаддасоти олӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

(Гузориш аз баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол)

Ҳафтаи сипаригардида дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол бо иштироки раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи Шӯроии вилоятии Ҳаракати  ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирпоччоева М.Қ. ҷаласаи ҷамъбастии Ҳаракат дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли2018 ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат ширкат доштанд.

Сараввал раиси шаҳр доир ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва равнақ ёфтани созандагиҳо дар кишвар суханронӣ намуданд.

Сипас муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода доир ба саҳми аъзоёни Ҳаракат дар ташкили корҳои тарғиботӣ ва ободонӣ ва ҳамзамон вусъат гирифтани корҳои созандагӣ дар шаҳри Истиқлол ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2017 ҳисобот дод.

Сипас якчанд аъзоёни фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол ба сухан баромада, доир ба ваҳдати миллӣ ва таърихи ба даст омадани он, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сулҳу тинҷиву оромии сартосарӣ дар кишвар баромад карданд.

Дар охир намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати  ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирпоччоева М.Қ. баромад карда, якчанд пешниҳодҳои худро  оид ба ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, ташкили корҳои тарғиботӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ ва дигар масъалаҳо ба аҳли нишаст баён кард.

Ҳамзамон нақшаи фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати  ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Share