Печать

РӮЗИ МАТБУОТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 9-уми марти соли равон дар золи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Рӯзи матбуот таҷлил гардид, ки дар он мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳо ва рӯзноманигорону аҳли эҷод ширкат доштанд.

Дар чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ширкат варзида табрики раиси шаҳрро ба самъи ширкатдорони маҷлис расонид.

 

Сипас бахшида ба Рӯзи матбуот сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии маркази технологияҳои иттилоотии “Кова” таҳия гардида буд расман фаъолияти хешро оғоз намуд. Дар чорабинӣ директори ташкилоти мазкур Шафиев Зафарҷон ширкат намуда, иштирокчиёнро ба фаъолияти сомона шинос кард.

 

Ҳамзамон якчанд фаъолон ва аҳли эҷоди шаҳр баромад намуда, доир ба таърихи матбуот ва саҳми он дар ҷомеаи имрӯза суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ ба якчанд рӯзноманигорону фаъолон бахшида ба Рӯзи матбуот туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Share