Печать

ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА: Кормандони прокуратура дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши босазо доранд

(0 votes, average 0 out of 5)

Ман аз номи худ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи касбии кормандони прокуратураро, ки ҳамасола 14-уми март дар қаламрави кишвар таҷлил мегардад ба масъулини ин сохтор дар шаҳр табрик менамоям. Лозим ба қайд аст, ки прокуратура ҳамчун мақоми ягонаи марказонидашуда, махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар ва ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии шаҳрвандон чораҳои муассир андешидааст ва кормандони ин сохтор ҳамеша содиқона ба ватани хеш хидмат намудаанд.

Ин фаъолияти босамарашон аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимоди қавӣ зоҳир намуда, онҳоро такягоҳи боэътимоди давлат, кафили амнияти ҷомеа ва миллат, пуштибони адолату ростӣ, ҳимоятгари ҳақиқату адлу инсоф меноманд.

Тули фаъолияти бонизом кормандони мақомоти прокуратура саҳми хешро дар ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гузоштаанд ва барои таъмин намудани баробарии онҳо новобаста аз миллат, наҷод, ҷинс, забон назди қонун, инчунин ҷиҳати ҳалли муроҷиатҳои мардум бо истифода аз ваколатҳои худ мусоидат кардаанд.

Ҳамзамон дар роҳи назорати риояи дақиқ ва татбиқи пурраи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, махсусан қонунҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдор, тафтишоти ҷиноятҳо ва таҳияи чораҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб нақши мақомоти прокуратура лозим ба таҳсин аст.

Итминони комил дорам, ки дар оянда низ кормандони ин соҳа бобати иҷрои вазифа ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои хеш, махсусан дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз тамоми имконот истифода хоҳанд бурд ва барои рушди Тоҷикистони азиз саҳм хоҳанд гузошт.

Бори дигар Рӯзи кормандони прокуратураро ба кормандони прокуратураи шаҳр таҳният намуда, барояшон рӯзгори обод, тани сиҳат ва дар фаъолияти бонизом бурдборӣ ва сарбаландиро таманно дорам.

Share