Печать

РАВОБИТИ АДАБИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК РЕШАҲОИ АМИҚИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ ДОРАНД

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Имрӯзҳо таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муноси- бати сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои олам рушд ёфта истодаааст ва мисоли равшани он миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳувайдост.

Робитаи адабии миллатҳои тоҷику ӯзбек низ решаҳои қадимӣ доранд. Аз асри 15 сар карда адабиёти ин ду миллат ба якдигар таъсири хуб расонидааст ва то ҳатто шуарову аҳли адаб бо забони якдигар эҷод мекарданд, зеро мавзеи иқомати ин ду миллат ва расму оинҳо дар ҳамзистӣ буд. Ва осори аҳли адаб бо забонҳои якдигар тарҷума мешуд ё навишта мешуд.

Масалан шоири хоразмӣ Саноӣ қиссаҳои тоҷикиро ба ӯзбекӣ баргардонидааст ва ё шоири ӯзбек Сайқалӣ достони “Баҳром ва Гуландом”-и хешро аз қиссаҳои шӯрангези тоҷикӣ шурӯъ намудааст.

Аз асри 15 сар карда адибони зуллисонайн бо ду забон эҷод мекарданд. Масалан шоирони ӯзбек Атоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ ва дигарон ашъори худро бо забони тоҷикӣ низ эҷод кардаанд. Ё устод Навоӣ вақто бо забони тоҷикӣ эҷод мекарданд тахаллуси худро Фонӣ ном ниҳода буданд. Ё ин ки Навоӣ дар пайравии Низомии Ганҷавӣ асари “Хамса”-и хешро офарид. Ҳамчунин шоири асри 18-и тоҷик Гулханӣ китоби хеш “Зарбулмасал”-ро бо забони ӯзбекӣ навиштааст.

Дар асри 20, яъне дар замони пайдоиши рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ шоирону нависандагон ва аҳли адаби ин ду миллат бо забонҳои якдигар мавод рӯи чоп меоварданд. Масалан устод Садриддин Айнӣ дар рӯзномаи “Меҳнаткашлар товушӣ” маводҳои хешро ба чоп медоданд. Ё дар рӯзномаи ӯзбекии “Қутулиш” ашъори адибони тоҷик бо забони тоҷикӣ рӯи чоп меомад.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ шоири ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ қариб 60 ғазал бо забони тоҷикӣ навиштааст.

Дар солҳои 30-юми асри 20 асарҳои устод Айнӣ-“Ғуломон” ва “Марги судхӯр” бо забонҳои ӯзбекӣ рӯи чоп омадаанд.

Дар Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, дар саҳифаи 28-ум чунин омадааст: “ Фотеҳ Ниёзӣ эҷодиёташро аз шеърҳои ӯзбекӣ сар карда, баъд ҳамчун шоири тоҷик ташаккул ёфт”.

Адиби ӯзбек Ғафур Ғулом достони “Кремл”-и устод Абулқосим Лоҳутиро ду маротиба бо забони ӯзбекӣ дар ду вазн тарҷума намудааст. Ё ин ки қисме аз шеърҳои устод А.Лоҳутӣ “Ӯзбекистон”, “Супориши модари ӯзбек” ва ғайра аз бузургии ин мардум ва меҳнатқаринии онон дарак дода таълиф шудаанд.

Яке аз адабиётшиносони ӯзбек қайд кардааст, ки танҳо баъди таълифи китоби устод Айнӣ “Ёддоштҳо” асарҳои тарҷумаҳолии нависандагони ӯзбек таълиф гардидан гирифтанд ва яке аз ин китобҳо “Бачагӣ”-и нависандаи ӯзбек Ойбек мебошад.

Ҳамзамон устод Бобоҷон Ғафуров якчанд муддат дар рӯзномаи “Қизил Тоҷикистон” дар вазифаҳои ҷонишини муҳаррир ва муҳаррир шуда фаъолият намудаанд.

Хулоса, дар саргаҳи ин робитаҳои адабӣ устод Абдураҳмони Ҷомӣ ва устод Алишери Навоӣ меистанд ва ҳукм бар он аст, ки ин ду миллат асрҳои аср қарини ҳамдигар буданд ва айни замон бо сиёсати пешгирифтаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якдигар наздиктар шуданд. Ин албатта боиси хушнудист.

Share