Печать

ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Пеш аз ҳама фарорасии Наврӯзи Аҷамро, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва талошу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаштумин соли ҷаҳонишавии он дар саросари олам таҷлил мегардад, шумоёнро самимона табрик гуфта, бароятон хушнудиҳои зиндагӣ, баҳори неку файзбор, хонаи обод ва дар фаъолиятатон муваффақияту комёбиҳо таманно дорам.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллӣ ва қадимаи ниёгони мо маҳсуб ёфта, таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад, ки пайдоиши онро ба давлатдории шоҳ Ҷамшед мансуб медонанд.

 

Моро месазад, ки бо ин мероси аҷдодони худ ифтихор намоем, чунки дар тули қарнҳо ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоя намудаанд ва то имрӯз он ҳамчун ҷашни миллӣ ва қадимаи ниёгонамон бо тамоми хусусиятҳои хосаш ҷашн гирифта мешавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: “Наврӯз бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накӯиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёд, эҳёи назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ эҳсос шуда, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат дар тору пуди он таҷассум ёфтааст. Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд”.

Соли равон дар арафаи Иди Наврӯз, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ва дӯстиро дар як маврид тарғиб менамояд таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил гардид ва дар ин замина муносибати ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар қавитар гашт.

Бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон таҳти унвони “дарҳои кушод” тавонистааст муносибати кишварамонро ба дигар кишварҳои олам дар сатҳи баланд ба роҳ монад ва имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар сатҳи умумиҷаҳонӣ хуб мешиносанд.

Лозим ба қайд аст, ки ин ҷашни муқаддас дар кишвари мо сол аз сол вусъати тоза пазируфта, дар сатҳи буланд таҷлил намудани он арҷгузории халқи моро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷибу созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ ифода месозад.

Дар баробари ин, ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон Наврӯзро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем.

Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд.

Наврӯз ба худ хос анъанаҳои нек дорад. Ба дидори пиру барҷомондагон расидану дуои хайри онҳо гирифтан, дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани ҷойҳои нообод, ки шиори ҳаррӯзаи зиндаги ниёгонамон будаст, дар айёми мо низ аҳамияти хоса пайдо кардаанд.

Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон аз ҷумла дар шаҳри Истиқлол низ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд.

Ҳамзамон Наврӯзи имсола дар пиромуни соли 2018- “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шудааст таҷлил мегардад ва дар ин замина рушди ҳунарҳои мардумӣ бояд дар шаҳр равнақ ёбад.

Лозим ба қайд аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зистро низ талқин мекунад. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки агар дарахтеро сабзондаю ба воя расонида бошӣ, умрат бо самар мегузарад ва ёдат дар дилу дидаҳо боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, марду зан, пиру ҷавон ва кулли сокинони шаҳрамон ин ҳадафҳои некро ҷонибдорӣ намуда, бояд дар ободии макон ва пеш аз ҳама, ба тозагии хонаву кӯча ва маҳалли зисти худ, ки аз анъанаҳои неки ниёгонамон мебошад, эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, бо ин васила дар рушди ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар ин соату лаҳзаҳои пурфайзу шодии баҳорӣ, дар фарорасии Рӯзи Наврӯз, бори дигар ба ҳамаи Шумо бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек ва тани сиҳату рӯзгори осударо орзу менамоям.

Бигзор, Наврӯз ҳамеша чун ҷашни некқадам, тароватдеҳ ва Иди бостонии мо ҳазорсолаҳои дигар ҷовидон бимонад ва аз файзу баракоти он Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфон ва рӯзгори мардум босаодату бобарор гардад.

Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!

Share