Печать

НАШРИ МАҚОЛАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶАЛЛАИ “НИГОРИШИ СММ” ТАҲТИ УНВОНИ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” (WATER FOR SUSTAINABLE DEVELOPMENT)

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.

 

Боиси хушнудии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандае гузоштааст.

 

Мавриди зикри хос аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад.

Мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаи иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин мақола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намуданд.

Share