Печать

Гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 2-юми апрели соли равон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол маросими гусели ҷавонони шаҳр ба сафи Артиши миллии кишвар ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Дар баромадашон раиси шаҳр қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу ор аст ва имрӯз ҷавонони мо сарбаландона адои хизмат намуда истодаанд. Ҳамчунин раиси шаҳр миннатдории хешро ба волидайне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмати Модар –Ватан намуда истодаанд ва ба падару модароне, ки фарзандашонро ба ин мактаби ҷасорат фиристонида истодаанд баён намуд.

 

Чун рамзи таваҷҷуҳ ба ҷавонони ватандӯст аз ҷониби раиси шаҳр ба даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Ҳамчунин намояндаи Шӯрои собиқадорони шаҳр низ баромад намуда, ҷавононро барои мушарраф гардидан ба унвони аскарӣ табрик кард. Яке аз модарони даъватшавандагон ва як нафар даъватшаванда низ баромад намуданд.

Барномаи консертӣ низ барои иштирокчиёни чорабинӣ пешкаш гардид.

Тибқи иттилои комиссари ҳарбии шаҳр Б.Бобоев даъвати ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ дар рӯзҳои наздик дар шаҳри Истиқлол чун ҳамасола пурра иҷро хоҳад шуд.

Share