Печать

Мулоқоти раиси шаҳр бо бозингарони дастаи мунтахаби “Металлург”

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 3-юми апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии раиси шаҳр Худойназар Амонзода бо дастаи мунтахаби футболбозони шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Сараввал раиси шаҳр қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон мусобиқаи футбол яке аз намудҳои варзиши сертамошобин ва сердаромадтарин маҳсуб меёбад. Дар кишварамон Тоҷикистон низ ба ин намуди варзиш эътибори хосса зоҳир шуда истодааст, ки қабули якчанд санадҳо аз қабили Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон мебошад.

 

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бо ташкили дастаи футбол ва мусобиқаҳо дар шаҳр мо метавонем ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби сокинон ба варзиш мусоидат намоем.

 

Дастаи мунтахаби футболи шаҳр тибқи пешниҳоди раиси шаҳр ва дар асоси бунёди корхонаи бузурги металлургӣ дар шаҳр, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт “Металлург” номгузорӣ карда шуд.

Айни замон сару либос ва дигар лавозимотҳои варзишӣ барои футболбозон харидорӣ карда шудааст ва дар ҷаласаи мазкур раиси шаҳр қайд намуданд, ки оянда низ барои дастгирии дастаи “Металлург” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯмак хоҳад кард. Дар ин раванд бояд даста ва футболбозон, тренерҳо ва дигар масъулин ҷиҳати иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои футболи вилоятиву ҷумҳуриявӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

Раиси шаҳр аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дархост намуданд, ки ҷиҳати ташкили бозии якуми дастаи мунтахаб дар майдони футболи Маҷмааи варзишии шаҳр бо ҷалби васеи сокинон ва дар вазъияти тантанавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир раиси шаҳр қайд карданд, ки дастаи “Металлург” бояд дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ муаррифгари шаҳр бошад.

Яке аз бозингарони даста арзи миннатдории хешро барои ташкили Федератсияи футбол дар шаҳри Истиқлол баён намуда, қайд кард, ки футболбозон дар мусобиқаҳо фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Share