Печать

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол баргузор гардид

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 16-уми апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) баргузор гардид.

Дар иҷлосия Раиси шаҳр Худойназар Амонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳомидова М.И, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.

Мувофиқи рӯзнома дар иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бобати масъалаи якуми рӯзнома, яъне оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, таҳти №977 “Дар бораи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018” муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. баромад кард. Ҳамзамон ду нафар вакилон оид ба масъалаи мазкур ба музокира баромаданд.

Баъди музокираҳо раиси шаҳр фаъолонро бобати дастгирии ҳунармандон, ташкили хизматрасониҳо барои сайёҳон ва бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ муваззаф карданд.

Ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ғоибов В.Т., дар бораи бинобар аз се маротиба зиёд дар иҷлосия ширкат накардани вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии №4 Шарифзода Саодат Абдуваҳобовна ва №27 Ҳасанов Равшан Абдушукурович ҷиҳати пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии нафарони болозикр пешниҳоди ҳайати комиссияро ироа кард ва вакилон тасдиқ намуданд. Инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар бораи таъйин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихоботӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол тасдиқ ёфт.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шаҳр Гулов Х., дар бораи тасдиқ намудани Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол баромад кард ва аз ҷониби вакилон қарор оид ба қабули Низомнома ва ҳайати комиссияи доимӣ тасдиқ шуд.

Пас аз он ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол аз ҳавзаи интихоботии №13 Охунов Бобохон Охунович оид ба ваколати вакилиаш шунида шуд.

Якчанд қарору амрҳои Раиси шаҳр ва масъалаҳои рузномаи иҷлосия пурра аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳомидова М.И баромад намуда, доир ба фаъолияти мунтазами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол, махсусан дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард.

Пас аз ба итмом расидани иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) раиси шаҳр доир ба фаъолияти бомасъулиятона дар самти ташкили корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вакилон ва фаъолони шаҳрро вазифадор намуданд.

Ҳамзамон ҷаласаи ҷамъбастии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми се моҳи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ба маърӯза баромада, доир ба фаъолияти ҳама соҳаҳо дар шаҳр давоми моҳҳои сипаригардида ҳисобот дод.

Раиси шаҳр фаъолияти ҳама соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти КВД “Нури Ховар” изҳори нигаронӣ намуданд ва масъулини корхонаро оиди ҳалли муаммоҳои ҷойдошта вазифагузорӣ карданд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр оиди ташкили корҳои ободонӣ, ҳалли муаммои ҷамъоварии ҳаққи истифодаи хизматҳои коммуналӣ, ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳр бо кадрҳои соҳибихтисос масъулини соҳаҳо муваззаф гардонида шуданд.

Ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолон дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҷлили 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол омодагии ҳаматарафа бинанд то ин ҷашнвора дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Мухбири “НИ”

Share