Печать

Идомаи корҳои созандагӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмири иншоотҳои тиббӣ боми бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо харҷи беш аз 60 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, шиферпӯш карда шуд.

 

Тибқи иттилои роҳбари ин муаасиса Ф.Шералиев давоми солҳои охир боми марказ дар ҳолати ногувор қарор дошт ва соли равон бо дастгирии раиси шаҳр ин муаммо бартараф карда шуд ва ҳайати роҳбарияти марказ тасмим доранд, ки таъмири дохили биноро шурӯъ намоянд.

 

Ҳамчунин Ф. Шералиев миннатдории аҳли кормандони марказро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баён намуда, қайд кард, ки аз ин иқдом аҳли кормандон ниҳоят шод ҳастанд ва корбариро дар самти беҳбудии ҳолати санитарию эпидемиологӣ беҳтар ба роҳ хоҳанд монд.

Мухбири “НИ”

Share