Печать

Маъракаи кабудизоркунӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади зебогардонии кӯчаҳои шаҳр ва дигар мавзеъҳо соли равон аз ҷониби КДФ “ХМК” зиёда аз 10 ҳазор бех гулҳои петуния ва салвия ва 50 ҳазор бех тухми гулҳои гуногун шинонида шуд.

Ҳамзамон зиёда аз 700 адад бех дарахти коҷ (сосна), 150 бех дарахти сарв (кипарис), 27 бех дарахти бурс (моҷҷевелник) ва 300 адад дарахтони мевадор ва 1800 бех дарахти сафедор дар шаҳр шинонида шуданд.

Ҳамчунин назди баъзе аз корхонаву муассисаҳо низ гулу дарахтон шинонида шудааст.

Барои зебо гардонидани мавзеи кор ва истиқомат шинонидани гулҳо ва дарахтони сояафкан зарур аст ва ин амал аз ҳисси зебоипарастии фаъолон ва сокинон дарак медиҳад.

Мухбири “НИ”

Share