Печать

Маҳфил бахшида ба бузургдошти аллома Садриддин Айнӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳафтаи сипаригардида дар толори китобхонаи оммавии шаҳр маҳфили адабии “Насими Истиқлол” бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он аҳли адаб ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд.

Дар чорабинӣ аҳли адаби шаҳр доир ба хизматҳои шоёни устод Садриддин Айнӣ дар раванди бунёди адабиёти муосири тоҷик ва оиди асарҳои устод баромад намуданд.

 

Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон доир ба фаъолияту эҷодиёти устод С.Айнӣ баромадҳо шунида шуд. Махсусан хонандагон аз порчаҳои шеърии устод ва намунаҳо аз китобҳои бадеиашон қироат карданд.

 

Дар охири чорабинӣ ба хонандагони фаъол ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Лозим ба қайд аст, ки бахшида ба соли 2018- «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар ин замима таваҷҷуҳи хоса ба нафарони ҳунарманд ҷиҳати ҷалби насли ҷавон ба ҳунармандӣ зоҳир гардида истодааст, кормандони китобхона низ дар толори китобхона гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши деворӣ ташкил намудаанд. Ҳамаи истифодабарандагони китобхона аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ тамошо менамоянд.

Мухбири “НИ”

Share