Печать

Амалҳои номатлуби замони муосир

(0 votes, average 0 out of 5)

Терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, нафарони ба ин гурӯҳҳои тундрав шомилгардида ва сараъзоҳои онон ба ғайр аз амалҳои нохуш ва поймол намудани ҳуқуқи инсонҳо дигар коре надоранд.

Хусусан даъво ва рафтори гурӯҳҳои тундгароро, ки зери шиори дину мазҳаб даст ба қатлу куштор мезананд, аммо дар асл каззоб ва душмани дину мардуми мусулмонанд, ифшо менамояд. Хусусан, бузурге дар рубоии зерин ихтилофоти мазҳабиро мазаммат ва маҳкум намуда, мегӯяд:

Халқанд ба ҳам бар сари кибру кинҳо,

Лофи динҳову даъвии ойинҳо.

Ҳақ мегӯяд ба гӯши холисдинон,

Мақсад чу манам, чӣ ихтилоф аст инҳо?

Имрӯз ин гурӯҳҳо ба зулму ситам бар сари инсонҳо, ғоратгариву авбошӣ, инсонозориву одамкушӣ машғуланду бо ба амал баровардани ҳолатҳои тарсу ваҳм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтаанд. Масалан дар кишвари Сурия аллакай қисми зиёди сокинон маҳалли зисти худро тарк карда, хонабардӯш ба ин ё он мамлакат дар ҳолатҳои норавшан қарор доранд. Мо бар онем, ки ин гурӯҳҳои тундрав ҷавоби хешро хоҳанд дод. Зеро аз зулму ситам бар инсон бузургтар амали шар нест. Ибни Сино дар яке аз ақидаҳояш менависад, ки дар олам зишттар аз ситаму зулм чизе нест: «Он чӣ роҳест, ки вайро рӯи офият нест? Зулм бар мазлумон ва бечорагон».

Барои ҳамин бояд ҳар як инсон, махсусан насли ҷавон бояд андеша намояд, ки аз рафтори бад ҷавоб бад мерасад. Ба қавли Мавлоно Румӣ холиқи афоли худи инсон ва ҳар феъле, ки аз у содир мешавад, марбут ба худи ӯст, яъне бавуҷудовардаи рафтору кирдори худи инсон аст. Аз ин ҷо орифи бузург мефармояд:

То ту торику малулу тираӣ,

Дон, ки бо деви лаъин ҳамшираӣ.

Аз рафтори ноинсононаи гурӯҳҳои террористӣ мардум азият мекашанд ва нафрат нисбати эшон зиёда мегардад. Дар ин роҳ бояд ҳар фарди фаъоли ҷомеа барои тарғиби андешаи солим ва тарзи ҳаёти шоиста байни мардум кӯшиш намояд. Кӯшиш бояд намуд, ки амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пешгирӣ карда шаванд ва ҷавонон роҳи хуби зиндагиро дарёбанд.

М.Ниёзов

Share