Печать

Рушди соҳаи фарҳанг

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳанг ва баҳри беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои фарҳангӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон дар бинои Қасри фарҳанги шаҳр корҳои азнавсозӣ ва тамдид бо маром идома доранд. Бино ба иттилои масъулини бахши фарҳанг ин ташаббус барои беҳтар гардидани ташкили чорабиниҳои ҷашнӣ ва умуман барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти аҳли ҳунар мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар боғи назди бинои Қасри фарҳанги шаҳр низ корҳои азнавсозӣ шурӯъ гардида, ташкили майдончаҳои бозии кӯдакона ва мавзеи истироҳатӣ идома ёфта истодааст. Ҳамчунин масъалаи чароғон намудани ин боғ ҳалли худро ёфтааст. Итминон дорем, ки азнавсозии ин мавзеъ барои беҳтар гардидани шароити фароғатии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Share