Печать

Табрики Раиси шаҳри Истиқлол бахшида ба 73-юмин солгарди таҷлили Рӯзи ғалаба

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар фазои сулҳу осоиш ва истиқлолият таҷлил намуда истодаанд.

Дар ин айёми фараҳбахш ҳамаи Шуморо бо ифтихори ин ҷашни бузург табрик намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори хушу осуда ва саодати умрро таманно дорам.

Лозим ба қайд аст, ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун рамзи ватанпарастӣ, фидокорӣ ва иттиҳоду сарҷамъист ва тули 73 сол таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн аз рӯҳияи шикастнопазири он фидоиёну қаҳрамонон ва родмардони набардҳои шадид илҳом гирифта, дарси ибрату таҷрибаи ҳазорҳо нафар гардидааст.

 

Инчунин мо аз таърихи ин ҷанг агар ҳарф занем маълум мегардад, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳон яке аз мудҳиштарин фоҷеаи аҳли курраи замин буда, ба манотиқҳои гуногуни олам хисоротҳои гарони моддиву маънавӣ оварда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аҷдодони бонангу номуси мо бераҳмона бар зидди душман бархоста, барои ҳимояи Ватан ҷонбозиҳо намудаанд. Танҳо аз шаҳри Истиқлол 108 нафар фидоиёни Ватан барои ҳимояи марзу буми хеш рафта, барои ба даст омадани Ғалаба бар фашизм шуҷоату далериву бебокӣ нишон додаанд. Ҳамду сано мехонем ба номи он фидокорону ҷасурон ва назди ёди некӯву хотираи ҷовидонаи онҳо сари таъзим фуруд меорем.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ғалаба чунин гуфтаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди нерӯҳои бадхоҳ саъю талош намоянд”.

Аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, матонату шуҷоат ва мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву наҷодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, инчунин, барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву озодихоҳии ҷавонон амри фарзӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як нафар сокини боору номуси кишварамон маҳсуб меёбад.

Лозим ба қайд аст, ки Рӯзи Ғалаба моро ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки ҳар як қатраи обу резаи хоки ин кишвари азизро дӯст дорем ва ба ҳифзи он ҳамеша омода бошем. Бояд ҳар як нафаре, ки дар ҳаёти осоишта ва рӯзгори обод зиндагонӣ мекунад аз неъмати бебаҳои дар дастдошта шукрона гӯяд.

Ногуфта намонад, ки таҷрибаи ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард, матонату шуҷоаташон чун дарси ибрат барои тарбияи насли наврас мусоидат менамояд. Бинобар ин, мо бояд ба қадри соҳибихтиёриву озодӣ ва амният бирасем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии давлат азму талош дошта бошем.

Дар охир, бори дигар, ҳамаи шумоён шаҳрвандони сарбаланди шаҳрро бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба, ки моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст муборакбод намуда, бароятон барори кор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигзор сулҳу амонӣ ва осоиш дар кишвари ҷоноҷонамон ҳамеша пойдор бимонад ва орзӯҳои неку навини мардуми Тоҷикистон ва аҳли сайёра ҷомаи амал пӯшад.

Иди Ғалаба муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Раиси шаҳри Истиқлол

Худойназар Амонзода

Share