Печать

Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи беш аз 140 ҳазор сомонӣ шуъбаи амрози занонаи Беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири куллӣ бароварда шуда истодааст. То ҳол аз 40 ҳуҷра қисми зиёдаш аз таъмир бароварда шуда, хати об навсозӣ шудааст. Роҳравҳо низ таъмир шуда истодаанд. Иҷрои корҳои азнавсозӣ ва умуман таъмирӣ аз ҷониби ҶДММ “Асри Табошар” ба роҳ монда шуда истодааст.

 

Сардухтури беморхона Тӯхтаев С., аҳли табибони ин шуъба ва хусусан мудири шуъба Нусратова С., арзи миннатдории хешро барои рушди соҳаи тиб дар шаҳр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баён намуда, қайд карданд, ки ҳар чӣ қадар шароити фаъолият барои табибон беҳтар гардонида шавад шароити хизматрасонӣ низ беҳтар мегардад.

 

Мухбири “НИ”

Share