Печать

Низоми нави кӯмакпулӣ ҷорӣ мегардад

(0 votes, average 0 out of 5)

Имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” ба тавсиб расидааст. Ва аз 1-уми июли соли ҷорӣ низоми нави кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истиқлол чун дигар 48 шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ мегардад.

 

Санаи 10-уми майи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Парпиева М. бо як гурӯҳ масъулини МИҲД-и шаҳр ва раисони кумитаи маҳаллаҳо доир гардид. Парпиева М. доир ба воридшавии шаҳри Истиқлол ба низоми кӯмакҳоҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби ворид шудан ба ин низом, ки тариқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба роҳ монда мешавад ва оид ба имтиёзҳои навбатӣ ба оилаҳои камбизоат маълумот дод.

 

Ҳамчунин корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Беҳрӯзи Аскар доир ба тартиби муқарраргардидаи низоми мазкур, шакли пур кардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дигар талаботҳо баромад кард.

Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади амалӣ намудани низоми нави кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ду мутахассиси дигар ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин андозаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар як сол 400 сомониро ташкил медиҳад.

М.Ниёзов

Share