Печать

Шуҳрати пешинаи мусобиқаи футболи шаҳр барқарор карда мешавад

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 8-уми майи соли равон дар Маҷмааи варзишии шаҳр дар майдони футбол бозии якуми дастаи мунтахаби шаҳри Истиқлол “Металлург” дар майдони маҳаллӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ширкат варзида баромад карданд.

Таъкид гардид, ки футбол ва оммавияти он дар шаҳр дар ҷодаи тарбияи наслҳои солим ва ватандӯст мақоми барҷаста мебозад ва минбаъд барои эҳё сохтани шаъну шӯҳрати собиқаи футболи шаҳр, ки замоне шуҳрати беандозае дошт дастаи мунтахаби футболи шаҳр ва мураббиён кӯшиш ба харҷ диҳанд ва барои ба камол расонидани наврасони қавируҳу солим ва футболбозони касбӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки ташкили Федератсияи футболи шаҳр ва дастаи мунтахаби “Металлург” баъди зиёда аз 15 сол ба роҳ монда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иштироки дастаи “Металлург” дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳавасманд гардонидани футболбозон чораандешӣ намуда истодааст.

 

То имрӯз дастаи “Металлург”-и шаҳри Истиқлол дар мусобиқаҳои сафарии футбол ба ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Бӯстон сафарбар гардида, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд ва санаи 8-уми майи соли равон бозии сафарии дастаҳои “Хистеварз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Металлург” дар майдони футболи шаҳри Истиқлол ташкил гардид, ки футболбозони дастаи шаҳрии “Металлург” фаъолона ширкат варзиданд.

Мухбири “НИ”

Share