Печать

Тантанаи Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 9-уми майи соли равон дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Истиқлол чорабинии идона бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қосимзода М., иштирок доштанд.

 

Дар аввал Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва меҳмон чун нишонаи садоқат ба иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон назди Муҷассама гулчанбар гузоштанд. Инчунин аз ҷониби роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву муассисаҳо низ гулчанбарҳо гузошта шуд.

Баъди дақиқаи хомушӣ ба хотири шаҳидони ин ҷанг Раиси шаҳр табрики хешро ба Рӯзи Ғалаба ба самъи ҳамагон расониданд. Инчунин табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ин санаи муборак аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қосимзода М., қироат карда шуд.

Сипас барномаи консертии таҳиянамудаи ҳунарман-дони Қасри фарҳанги шаҳр пешкаши тамошобинон карда шуд.

Бахшида ба ин ҷашн ҳамон рӯз дар қисми низомии 3501-и шаҳр барои аскарон дастурхони идона ташкил карда шуд.

Мухбири “НИ”

Share