Печать

Даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” ҷамъбаст гардид

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади дарёфти кормандони педагогии боистеъдод, навовару эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмангардонии онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин дар миқиёси шаҳр озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», таҳти унвони «Касби ман - ифтихори ман» ташкил ва гузаронида шуд. Дар асоси Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ гардидааст ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр аз 02.04.2018, №57 санаи 14.05.2018 дар базаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Озмун аз рӯи 7 шарт баргузор гардида, дар он 5 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, Шехова Дилором омӯзгори фанни забони хориҷии МТМУ №1, Муборакшоева Хурмо омӯзгори фанни биологияи МТМУ №2, Қосимова Инобат омӯзгори фанни географ-биологияи МТМУ №3, Норова Дилором омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №5 ва Хоҷамирова Ситора омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №6, ки дар даври мактабӣ ҷойҳои аввалро ишғол намуда буданд, байни худ қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа бо гирифтани 28,9 хол ҷойи 3-юм насиби Норова Дилором омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №5, бо гирифтани 33,3 хол ҷойи 2-юм аз они Шехзода Дилором омӯзгори фанни забони хориҷии МТМУ №1 ва ҷойи аввал бо соҳиб шудани 35,8 хол насиби омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии МТМУ №6 Хоҷамирова Ситора гардид.

Дар охир директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф Д.Шукурова ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр И.Исроилов ба ҳамаи иштирокчиён арзи сипос намуда, ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим карданд.

Шукурова Дилрабо, директори МДРИ

Share