Печать

Футбол: 4:3 ба фоидаи дастаи “Металлург”

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳафтаи сипаригардида дар майдони футболи Маҷмааи варзишии шаҳр мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби шаҳри Истиқлол “Металлург” ва ноҳияи Ҷаббор Расулов “Пахтакор” баргузор гардид ва дар натиҷа “Металлург” 4 голро ба дарвозаи ҳарифи худ ворид кард. Лозим ба қайд аст, ки бозингарони дастаи “Металлург” дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм, минтақаи Суғд-2018 фаъолона ширкат доранд.

 

Аз рӯи ҳисоби бозиҳои лигавии вилоятӣ тибқи маълумоти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр “Металлург” байни 13 дастаҳо дар ҷойи ҳафтум қарор дорад ва итминон дорем, ки яке аз ҷойҳои намоёнро дар ин мусобиқа ишғол менамояд.

 

Мухбири “НИ”

Share