Печать

Таҷлили умумишаҳрии Рӯзи ҳифзи кӯдакон

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Санаи 1-уми июни соли равон дар боғи фароғатию фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр чорабинии умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ширкат варзида, табрики раиси шаҳрро ба ин санаба самъи ҳозирин расониданд.

 

Сипас ба якчанд наврасоне, ки дар озмунҳои фаннии вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд туҳфаи раиси шаҳр аз ҷониби А.Шарифзода тақдим гардид. Рафти тақдими туҳфаҳо А.Шарифзода қайд намуданд, ки бояд дигар наврасони фаъол низ дар оянда барои иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннии вилоятиву ҷумҳуриявӣ кӯшиш намоянд. Ҳамзамон ба он наврасоне, ки дар рӯи роҳ расмкашӣ намуда буданд туҳфаҳо эҳдо карда шуд.

 

Сипас барномаи консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳр ва хурдсолон омода гашта буд пешкаши иштирокчиёни ин ҷашн гардонида шуд.

Мухбири “НИ”

Share