Печать

Қарори раиси шаҳр аз 23-юми майи соли 2018, таҳти №123 Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Истиқлол дар соли 2018

(0 votes, average 0 out of 5)

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 16-уми майи соли 2018, №190 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» ва барои дар сатҳи зарурӣ омада намудани иншоотҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистонаи соли 2018 дар шаҳр

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

1. Ҳайати ситоди шаҳрии «Тобистон-2018» тасдиқ карда шавад.

2. Барои гузаронидани истироҳати тобистонаи мактаббачагон дар заминаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истироҳатгоҳҳои рӯзонаи солимгардонӣ ва дар заминаи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии фароғатӣ-таълимӣ истироҳати хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил карда шавад.

 

3. Сардори ҶДММ «Бунёдкор» вазифадор карда шавад, ки:

 

- барои ташкили самараноки истироҳати тобистонаи солимгардонии кӯдакон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Уқобак» истифодаи мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад дар соли равон пешбинишударо таъмин намояд;

- то 1-уми июни соли 2018 корҳои таъмиру тармим, муҷахҳазгардонии биноҳо, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи оббозӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба анҷом расонида, аз омадагии он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумот пешниҳод намояд;

- пеш аз ифтитоҳи лагер хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ба инобат гирад;

- истироҳатгоҳи берунишаҳрӣ ва варзишию солимгардониро бо

таҷҳизот, озуқаворӣ, доруворӣ, воситаҳои безараргардонӣ, нақлиёт, инчунин дастрас кардани роҳхатҳоро ба кӯдакони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат ва қобилиятнок таъмин намояд.

4. Шуъбаи маорифи шаҳр вазифадор карда шавад:

- дар заминаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои берунимактабие, ки ошхонаҳои ҷавобгӯи талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, барои ташкили лагерҳои рӯзонаи солимгардонӣ шароитҳои заруриро муҳайё созад;

- роҳбарии методии ташкили истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдакон ва наврасонро таъмин ва корҳои тарбиявиро тавассути фаъолияти созмони талабагӣ ба роҳ монад.

- барои самаранок гузаронидани истироҳат тамоми намуди лагерҳоро бо омӯзгорони соҳибтаҷриба таъмин намуда, фаъолияти онҳоро таҳти назорат қарор диҳад;

5. Беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатиии шаҳр ва маркази санитарӣ-эпидемологии шаҳр вазифадор карда шаванд, ки лагери истироҳатиро бо кадрҳои зарурии тиббӣ таъмин намуда, назорати ҳолати санитарию гигиениро дар давраи таътили тобистона ба роҳ монанд.

6. Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бехатарии кӯдакон ва наврасонро дар истироҳатгоҳ ва ҳангоми рафтуомади муташаккилонаи онҳо ба маҳалли истироҳатӣ таъмин намояд.

7. Дар давраи ташкили истироҳати наврасон дар истироҳатгоҳ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо оид ба масъалаҳои пешгирии хуқуқвайронкунӣ дар байни наврасони ноболиғ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба роҳ монда шавад.

8. Ба кумитаи иттифоқи касабаи шаҳр тавсия дода шавад, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ барои кӯдакону наврасони кормандони ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон бо роҳхатҳо таъмин намояд.

9. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр якҷоя бо рӯзномаи «Навиди Истиқлол» ва радиои маҳаллӣ оид ба рафти истироҳати тобистонаи мактаббачагон барномаҳо таҳия ва маводҳо чоп намоянд.

10. Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шавад, ки чорабиниҳои фарҳангиро дар мавсими истироҳати тобистонаи мактаббачагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.

11. Филиали шаҳрии «Тоҷиктелеком» тибқи тартиби муқарраргардида алоқаи доимии телефонро ба маҳалҳои истироҳатӣ ва солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар давраи таътили тобистона таъмин намояд.

12. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои қарори мазкур то санаи 10 сентябри соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахборот манзур намоянд.

13. Қарори Раиси шаҳри Истиқлол аз 05 майи соли 2017, № 167 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Истиқлол дар соли 2017» аз эътибор соқит дониста шавад.

14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А.А. гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр                               Худойназар Амонзода

Share