Печать

Қарори раиси шаҳри Истиқлол аз санаи 5-уми июни соли 2018, таҳти №127 Дар бораи таҷлили 80 - солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” бо мақсади тарғиби комёбиҳои даврони Истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани 80 - солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол

Қ А Р О Р      М Е К У Н А М:

1.Моҳи сентябри соли 2018 80- солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол дар сатҳи баланд таҷлил карда шавад.

2.Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба таҷлили ҷашни 80 - солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, маориф, бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 80 - солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии таъсисёбии шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии идонаро бахшида ба таҷлили ҷашни 80 - солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол таҳия ва пешниҳод намояд.

5. Рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” доир ба дастоварду музаффариятҳои шаҳри Истиқлол чопи мақолаҳоро ба роҳ монад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

Раиси шаҳр                 Худойназар Амонзода

Share