Печать

Квотаи Президентӣ: дониши довталабони Истиқлол нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ бартар аст

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб гардидани насли ҷавон ва донишомӯзии онон бештар равона гардидааст ва таъсиси квотаи Президентӣ аз ҷумлаи он имтиёзҳоест,ки барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар ба хонандагон мусоидат мекунад.

 

Ҳафтаи сипаригардида дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд озмуни гирандагони квотаи Президентӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки аз шаҳри Истиқлол зиёда аз 30 нафар довталабон барои соҳиб шудан ба квота дар озмун ширкат намуданд. Дар натиҷа хонандаи МТМУ№1 аз бахши тиб, 3 нафар хонандагони МТМУ№6 аз фанҳои таъриху ҳуқуқ, химия, биология, хонандаи МТМУ №2 аз фанни математика ва 5 нафар хонандагони МДТ “Литсейи касбии техникӣ”-и шаҳр аз фанҳои тарбияи ҷисмонӣ, физика, технологияи информатсионӣ, технология ва биология квотаҳоро соҳиб гардиданд.

 

Лозим ба қайд аст, ки тибқи маълумоти ҳайати ҳакамон, яъне намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар холи хонандагони шаҳри Истиқлол нисбат ба иштирокчиёни озмун аз дигар шаҳру навоҳии вилоят баландтар аст.

Шуъбаи маорифи шаҳр

Share