Print

То тавонӣ ташнаро сероб кун

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 7-уми июни соли равон дар арафаи Иди Рамазон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии кӯдакони ятим ва маъюб аз ҷониби як нафар соҳибкори саховатпеша ба зиёда аз 130 нафар ятимони шаҳр маблағпулиҳо эҳдо карда шуд.

 

Дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ширкат намуда қайд карданд, ки имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ рушд ёфтааст ва дар кишварамон фазои сулҳу суботу оромӣ ҳукмфармост ва дар ин раванд соҳибкорон низ густурда фаъолият доранд ва амалҳои некро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳамчунин рафти инъоми маблағпулиҳо А.Шарифзода миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ин шахси ватандӯст баён намуданд.

 

Рафти тақдими маблағҳо соҳибкор қайд карданд, ки ин иқдомҳо оянда низ идома дода мешавад.

Мухбири “НИ”

Share