Печать

Пешгирӣ беҳтар аз табобат

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 22-юми июни соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр семинари машваратии табибони сироятшинос, яъне аъзоёни Ҷамъияти сироятшиносони вилояти Суғд дар мавзӯи “Пешгирӣ беҳтар аз табобат” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин семинар сараввал менеҷери КАТС-и шаҳри Истиқлол Ғоибов В.Т., баромад карда, иштирокчиёнро ба шаҳр хушомадед кард ва ташкили семинарро саривақтӣ барои беҳтар фаъолият намудани табибони сироятшинос эълон намуд.

Ҳамчунин дар семинари мазкур сартабиби беморхонаи касалиҳои сироятии вилоят Мӯминов Б.А. баромад карда, доир ба пешириии бемориҳои сироятӣ андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон табибони сироятшиноси шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов А. ва Камолов С. дар мавзӯи “Бемории дарунравӣ” ва “Исҳоли хунин”, табиби сироятшиноси шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Мирзоалиев П. дар мавзӯи “Бемории сӯхтанӣ” ва табиби сироятшиноси шаҳри Истиқлол Атакулов С. дар мавзӯи “Бемории баногӯшак” баромад карданд.

Ҳамчунин доир ба вазъи бемориҳои сироятӣ дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон табибони сироятшиноси МСШ-и шаҳр Атакулов С. ва Раҳмонбердиев А. ва табиби сироятшиноси шаҳри Гулистон Бобокалонов В. ҳисобот доданд.

Лозим ба қайд аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои болоравии дониши амалӣ ва назариявии табибон ва пешгирии бемориҳо, алалхусус касалиҳои сироятӣ мусоидат менамояд.

Мухбири “НИ”

Share