Печать

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 23-юми июни соли равон дар майдони Парчами давлатӣ чорабинии идонаи умумишаҳрӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода иштирок намуданд.

Сараввал раиси шаҳр табрикоти хешро бахшида ба 21-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қироат намуд. Дар баромади хеш Худойназар Амонзода аз вусъат ёфтани рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳр ёдовар гардида, қайд кард, ки ин ҳама созандагиҳо самараи Ваҳдати миллӣ аст. Қайд гардид, ки дар ҳақиқат, ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ҷаҳду талошҳои Сарвари азизи мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони содиқи кишвар рӯи кор омад, дар фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, зеро муттаҳиду сарҷамъ намудани мардум дар фазои сангину даҳшатовари он замон ниҳоят душвор буд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳр пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардони шуд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шуд.

Мухбири “НИ”

Share