Печать

Ҳар кирдори бад бе ҷавоб нахоҳад монд

(0 votes, average 0 out of 5)

Лозим ба қайд аст, ки моҳи гузашта дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр нафари номаълум ба хонаи шаҳрванд Исмоилова К. даромада ӯро таҳдид намуда, молҳояшро тасарруф намуда буд.

Дар ин ҳангом кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо ташкили корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ин ҷинояткорро дастгир намуданд, ки сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати Оббурдон, кӯчаи К.Мирзоқодир, соли таваллудаш 20-уми марти соли 1998, маълумоташ миёнаи нопурра Иброҳимов Абдураҳмон Исмоилович мебошад.

Рафти тафтишот маълум гардид, ки номбурда санаи 19-уми июни соли 2018, тахминан соати 23-00 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи таҳдид ва зӯроварӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Исмоилова К.А., сокини маҳаллаи Меҳнатобод, ҳавлии №32 ғайриқонунӣ бо ниқоб ворид гардида, ба шаҳрванд ошкоро ҳуҷум намуда, бо корди дар дасташ буда таҳдиди куштан намуда, молҳояшро (ҷамъ ба маблағи 2950 сомонӣ) ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Айни замон нисбати Иброҳимов А. И. бо моддаи 249, қисми 4, банди в парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қайд бояд намуд, ки дар ҳама давру замон нафароне, ки пайи озори мардум ва дигар рафторҳои бад амал кардаанд, назди раъият ва умуман назди Қонун ҷавоб гуфтаанд ва имрӯзҳо низ сохторҳои дахлдори давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тайёранд аз тамоми имконот истифода намоянд.

М.Ниёзов

Share