Печать

Ҷалби наврасон ба истироҳати тобистона

(0 votes, average 0 out of 5)

Бегоҳи 10-уми июли соли равон дар истироҳатгоҳи “Уқобак”-и шаҳр маросими кушодашавии истироҳати тобистонаи наврасони шаҳр ташкил ва гузаронида шуд, ки зиёда аз 30 нафар наврасон ширкат варзида, барномаи фарҳангии хешро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардониданд. Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони шаҳр низ барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуда, масъулини ин мавзеъро барои ташкили истироҳати хуби наврасон даъват карданд. Хурсандии наврасон ҳадду канор надошт.

Лозим ба қайд аст, ки бо қарори раиси шаҳр аз буҷаи маҳаллӣ барои ҷалби 22 нафар наврасон аз оилилаҳои камбизоат, ятимон ва хонандагони болаёқат ба ин истироҳатгоҳ 8 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ташкили чунин чорабиниҳо барои муттаҳидиву сарҷамъии кӯдакон ва наврасон мусоидат менамояд.

Мухбири “НИ”

Share