Печать

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 17-уми июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии соҳоти мухталифи хоҷагии халқ дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух ширкат варзиданд.

Сараввал доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон муовини раиси шаҳр Н.Комилзода ҳисобот дод. Дар ҳисоботи хеш Комилзода Н., бобати вазъи иҷрои буҷет, хусусигардонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат ва энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаи илму маориф, тандурустиву кор бо занон ва оила, таъмини шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии оилаҳои камбизоату нафарони маъюбу эҳтиёҷманд, ятимону бепарастдорон, танзими расму оин ва дигар масъалаҳо муфассалан маълумот дод.

 

Баъди баромади муовини раиси шаҳр Н.Комилзода раиси шаҳр Худойназар Амонзода ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳр доир ба фаъолияти бонизом ва густурда дар самти рушду пешрафти хоҷагии халқи шаҳр, иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина сохтмон ва ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, ҳамомҳо ва дигар марказҳои хизматрасонии маишӣ, бунёди майдонҳои варзишӣ, ҳамзамон масъулини соҳаи маориф ва тандурустиро оид ба таъмини кадрҳои созҳибихтисос, омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ғайри тоҷикӣ, омодагӣ ба соли нави хониш, фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва умуман ташкили корҳои ободонӣ дар шаҳр дастур дод.

Ҳамзамон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух оиди натиҷаи фаъолияти пурсамари соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Истиқлол баромад намуда, бобати рафъи баъзе камбудиву норасогиҳо фикру мулоизаҳои хешро баён кард.

Мухбири “НИ”

Share