Печать

Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

24 августи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол ташриф оварда, ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи "20-солагии Истиқлолият"-и шаҳр оғоз бахшид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо сокинони шаҳри Истиқлол бо ёдоварӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид намуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят беш аз 3 ҳазор иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин раванд ба таъмиру навсозии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, роҳбарияти вилоят тибқи нақша барои беҳтарсозии ҳолати роҳҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 3 километр роҳҳои шаҳри Истиқлол низ мумфарш карда мешавад.

 

Сипас, Раиси вилоят бо ҳамроҳии пирони рӯзгор ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшид.

 

Дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Истиқлол Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони Маркази савдо ва хизматронии соҳибкор Шарофат Ҷӯраева шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани марказ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон тавсияҳои муфид дод. Маркази савдо ва хизматронӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ошёнаи дуюми он тарабхона бунёд карда мешавад. Соҳибкор зимни суҳбат бо Раиси вилоят иброз дошт, ки Маркази савдо ва хизматронӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва соли оянда мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар” низ ошно шуд. Тавре ҳангоми шиносоӣ ва боздид аз сехҳои истеҳсолӣ аён гардид, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур пурра истифода намешавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва корхонаи “Нури Ховар” ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва афзун намудани ҷойҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share