Печать

Роҳҳо обод бошанд- қалбҳо шод

(0 votes, average 0 out of 5)

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон сол аз сол роҳҳои нақлиётгарди дохилӣ ва байнишаҳриҳо обод гардида, дар қатори дигар шаҳру навоҳӣ дар шаҳри Истиқлол низ ба ин масъала аҳамияти аввалин дода мешавад. Ҳар бошандаи шаҳр аз ободонии диёр, таъмиру тармими кӯчаву пасткӯчаҳо роҳкушоӣ ва роҳсозӣ шод гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда истодаанд.

Санаи 24-уми августи соли равон раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истиқлол ташриф оварданд ва тасмим гирифта шуд, ки зиёда аз 1 км роҳҳо пурра мумфарш хоҳанд шуд. Имрӯзҳо кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, қисми кӯчаи И.Сомонӣ ва роҳи мошингарди назди бинои ШВКД ҶТ дар шаҳри Истиқлол мумфарш карда шуда истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки таъмири роҳҳо ва ташкили корҳои ободонӣ барои беҳтар гардонидани шароити зисту фаъолияти сокинон мусоидат менамояд.

Сокинони шаҳр аз ин иқдоми созанда хушнуд мебошанд.

М.Ниёзов

Share