Print

Омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Санаи 29-уми сенятбри соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр вохӯрии вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №30 Худойназар Амонзода бо интихобкунандагон-сокинони шаҳр (380 нафар) баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур Худойназар Амонзода ширкат варзида, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҷомеа ва созандагиву бунёдкориҳо суханронӣ намуда, масъалаҳои мухталифро дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамзамон аз ҷониби вакил моҳияти қарорҳои тасдиқёфтаи иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати панҷум фаҳмонида дода шуда, ҷиҳати иҷрои он қарорҳо нафарони масъулро муваззаф намуд.

Аз ҷумла номбурда изҳор дошт, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу осоиштагӣ дар кишвар имрӯзҳо кулли сокинони ҷумҳуриамон дар фазои сулҳу суботи комил зисту фаъолият намуда, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ватандӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳми хешро гузошта истодаанд. Ва дар шаҳри Истиқлол низ ин ташаббуси меҳанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар ҳама ҷанбаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.

Ҳамзамон раиси шаҳр доир ба раванди корҳои ободониву созандагӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр давоми моҳҳои сипаригардида ба роҳ монда шуд баромад намуда, таъкид кард, ки ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №30 Худойназар Амонзода аз тарафи сокинон ва кормандони корхонаву ташкилотҳои шаҳр суолу дархостҳо вобаста ба ҳалли баъзе муаммоҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр пешниҳод гардид. Дар ин радиф бо масъалагузорӣ ба масъулини соҳаҳои дахлдор таъкид гардид, ки ин масъалаҳои дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Share