Print

Рӯзи забони давлатӣ ва Иди омӯзгорон таҷлил гардид

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Санаи 5-уми октябри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии идона бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ширкат варзида, кулли омӯзгорон ва нишастагонро ба ин ду иди бузург табрик гуфт. Зимни паёми табрикии хеш раиси шаҳр аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки дар оянда низ дар таълиму тарбияи насли наврас кӯшиши беш аз пеш диҳанд ва оноро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.

 

Пас аз он намояндаи Раёсати маорифи вилоят Рустамова Заррина табрики раиси вилоятро ба самъи ҳамагон расонид.

 

Сипас аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмон ба 10 нафар омӯзгорони фаъол аз муассисаҳои таълимии шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Инчунин нишони Аълочии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба се нафар фаъолони соҳаи маорифи шаҳр аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд супорида шуд.

Барномаи консертии аз ҷониби ҳунармандони шаҳр омодагашта пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуда, табъи ҳамаро шод гардонид.

М.Ниёзов

Share